Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ШАКЛИ МАХСУСИ МУБОРИЗАИ СИЁСӢ

        Имрӯз ҳамаи мо тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма огоҳ ҳастем ва дида истодем, ки дар ҷаҳони ислом вазъият чи гуна ноорому мудҳиш аст. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо ва технологияҳои иттилоотии муосир, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӣ барои таблиғи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд. Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст.

Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд. Махсусан ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохторҳои марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад». Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизби амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геопалитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию-мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.

Терроризм дар инкишофи таърихи инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.

Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна натанҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Дар шароити кунунӣ манфиатҳои сиёсии абарқудратҳо дар зери шиори ҳифзу эҳёи ислом тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъҳо дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла олами ислом гашта истодаанд. Мутаассифона, доираҳои муайяне дар минтақа мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Ин гурӯҳҳо маҳз аз заъифии дониши дунявию динии мардум истифода намуда, зери шиори «ҷиҳод» сохторҳои мавҷудаи кишварҳоро фалаҷ карда истодаанд, ки аз ин вабои идеологӣ ягон давлат эмин буда наметавонад. Зеро технологияи муосир пайвандгари ин равандҳо мебошад.Бояд қайд намуд, ки алайҳи ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ кишварҳо дар алоҳидаги ба ҳадафи хеш намерасанд. Бахасус фазое, ки кишварҳои ИДМ ва давлатҳои ба он ҳамшафъат доранд, бояд дар иттиҳод қарор бигиранд. Воқеан амалкарди созмонҳои амнияти дар фазои кишварҳои пасоншӯравӣ дар самти амнияти минтақа ва мубориза бо ин гурӯҳҳои терорристӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ сурат мегирад. Ғайр аз ин як қатор созмонҳои амниятӣ, ки тибқи маълумотҳои мавҷуда дар ҷаҳон имрӯз зиёда аз 100 созмонҳои бузургу хурди террористӣ амал менамоянд, ки пеши роҳи ин тунгароёну терорристонро гирифта наметавонанд. Махсусан, воқеияти инро мо бештар дар амалҳои даҳшатангези террористӣ дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Покистон, Афғонистон, Лубнон ва ҳатто кишварҳои Аврупо Франсия, Белгия, Украина мушоҳида менамоем. Вале пайванд хурдани фаъолияти ҳаракатҳои террористӣ бо сиёсат имрӯз дар кишварҳои Миср, Ироқ, Сурия ва Лубнон таҷрибаи амалии худро пайдо намуда, ҳадаф на террори ин ё он шахс, балки аз байн бурдани низоми сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҳое, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Давлатҷон Муҳуддинзода,

муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Ҷовид Қувватзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Навиди Ҳамадонӣ”

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай