Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ

    02.10.2023

     Имрӯз майдони ба номи Исмоили Сомонии маркази ноҳия намуди идона дошт. Бахшида ба “Рӯзи даъватшаванда”, даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, муовинони раис, Роҳбари дастгоҳ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони Ҷамоатҳо, падару модарон ва наздикони даъватшавандагон, донишҷӯён, сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии дар ноҳия мустақар, собиқадорони ҷангу меҳнат, башардӯстон, ташкилоти “ Ҳомиёни Ватан” ва сокинони ноҳия иштирок доштанд.

Нахуст, раиси ноҳия муҳтарам, Мирзозода Нурулло Абдулҳай баромад намуда, наваскарону аҳли иштирокчиёни ҳамоишро бахшида ба “Рӯзи даъватшаванда” сидқан табрику таҳният гуфта, ба онҳо хизмати софдилона ба Ватани маҳбуб, тани сиҳат ва ҷасорату далерӣ таманно намуд. Зикр гардид, ки имрӯз 100 нафар ҷавонон ихтиёрӣ ба хизмати Ватан- модар рафтанд.

Сипас , раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Шариф Раҳимов баромад карда, даъватшавандагонро даъват намуд, ки мисли падарону фарзандони вафодори Ватан хизмати ҳарбиро бо сари баланд адо намоянд. Падари даъватшаванда аз Ҷамоати деҳоти Даштигуло, омӯзгори мактаби №16 Ҳайдар Зуҳуров дар баромади хеш қайд намуд, ки хизмат ба Ватан қарзи фарзандию шаҳрвандии ҳар як ҷавон ба шумор меравад ва бояд Ватани азизи худро бо сари баланд ҳифз намуда, чун гавҳараки чашм ҳимоя намоем.

Баъдан, ду даъватшаванда аз Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод баромад карда, қайд намуданд, ки онҳо баъди адои таҳсил дар мактабҳои олии кишвар ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд.

Чун анъана, маросими “ Нонгазон” хеле диданӣ сурат гирифта, духтарони зебои диёр ба наваскарон рӯймолча ҳадя намуданд.

Дар охир дастаи ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим бо суруду таронаҳои дилошӯб хотири иштирокчиёни чорабинии “Рӯзи даъватшаванда”-ро болида гардониданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай