Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - АЁДАТ

       Дар асоси дастуру супоришҳои раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҷиҳати дастгирӣ ва кӯмак ба ятимону маъюбон ва шахсони яккаву танҳо рӯзи 1 октябри соли равон дар арафаи “Рӯзи кӯҳансолон” аз ҷониби муовини раиси ноҳия муҳтарам Муҳуддинзода Д. ва иштироки намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳия Шарифов Р., раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Ш.Раҳимов ва котиби Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ва ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Набиев И. ба аёдати куҳансолтарин сокинони ноҳия, аз ҷумла сокинони деҳаи Дараи Калот Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон Раҳимова Сангимо ва Сайдаҳтамова Салима омаданд.

Муовини раиси ноҳия Муҳуддинзода Д. ҳини суҳбат бо ин модарони солманд, ки собиқадорони меҳнат маҳсуб меёбанд, барои фаъолияти пурзаҳмату бенуқсонашон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуданд, ки собмқадорони меҳнат ва дар маҷмӯъ нафақагирон зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии давлат қарор доранд.

      Сипас, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ин модарон, ки аз ҷумлаи сокинони дарозумртарини ноҳия ба ҳисоб мераванд, кӯмакҳои моддию пулӣ расонда, ба онҳо, ки ҳамзамон фарзандони шоистаро тарбия карда, ба камол расонданд, саломатии комилу умри бобаракат таманно намуд.

     Муовини раиси ноҳия ба масъулини Ҷамоат ва дигар сохторҳои дахлдор дастур дод, ки мунтазам ба аёдати сокинони куҳансол ва нафақагирон омада, вазъи тансиҳатии онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай