Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Пахтачинӣ дар авҷ

      Дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия чиниши пахта босуръат идома дорад. Заркорони қавииродаи ноҳия аз ҳар рӯзи офтобии фасли тирамоҳ самарабахш истифода бурда, суръати ҷамъоварии пахтаро метезонанд.

Рӯзи гузашта пахтакорони ноҳия дар як рӯз 310 тонна ё ба андозаи 2,2 фоиз, аз аввали мавсим 8220 тонна ё ба қадри 59,1 фоиз “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намуданд. Хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти Чубек, Панҷоб ва ба номи Турдиев дар сафи пеш буда, то имрӯз нақшаи Дурнаморо аз 64,8 то 81,5 фоизӣ таъмин намуданд.

Вале х/д Ҷамоатҳои деҳоти Панҷруд, Даштигуло, Қаҳрамон ва Меҳнатобод дар чиниши пахта қафо мемонанд. Ҷамоатҳои номбурда то имрӯз иҷрои нақшаро мутаносибан 42,5 -55,3 иҷро кардаанд, ки ин аз ҳисоби миёнаи ноҳия паст аст.

Ба аҳли заҳмати х/д ноҳия зарур аст, ки суръати ҷамъоварии пахтаро тезонанд, то ки ноҳия дар вилоят мисли ҳарвақта дар қатори пешсафон бошад.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай