Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - НАҲЗАТ - ДОМИ ФИТНА БАРОИ НООГОҲОНУ ГУМРОҲОН

ВОКУНИШ

Чанд рӯзи охир таблиғу ташвиқи тафриқаандозӣ, дасисабозӣ, ҷангандозӣ ва барангехтани низоъро аз ҷониби наҳзатиён дар симои роҳбарашон дар сомонаҳои иҷтимоии беназорат ба вижа "Ютуб" дида,ба чунин хулоса омадан мумкин аст: сифлаҳо мехоҳанд, ки бори дигар моро ба мо ҷанг андохта, ду минтақаро бо ҳам душман гардонанд! Шоир ҳам беҳуда нафармудааст:

Наҳзат чӣ мекорад? Низоъ,

Кишташ чӣ ба бор орад? Бало.

Аз ҷавонон ва истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоии бедару дарвоза эҳтиромона тақозо дорам, ки ба доми фитнаву дасиса наафтанд. Бовар кунед, ки аз тамошои наворҳои сохтаву бофтаи онҳо дида, як мегабайт барои барои мову шумо хубтару афзалтар аст.

Аз ҷавонон ба ҷаҳон номи накӯ мемонад,

Фасли гул мегузарад лаззати бу мемонад.

Ба тамоми хоинон ва нотавонбинони миллати сарбаланду тоҷдори тоҷик, ба вижа ба сагу сагбачаҳо ва думу думчаҳои ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ, ки ин шабу рӯзҳо дар фазои маҷозӣ ва бе дару дарвозаи олами интернет ҳарзагӯӣ намуда, мехоҳанд фазои сулҳу суботи комилу пойдори Тоҷикистони ба ҷону тан азизи нуҳ миллионро ноором кунанд, гуфтаниям:

шумо аблаҳо гумон накунед, ки бо чор панҷ навори тахайюливу сохтаву бофатаи худатон моро фиреб дода метавонед. Чашмони шумо аблаҳонро хоҷагони хориҷӣ бо пулу моли ҳангуфт кур кардаанд. Чунон кур кардаанд, ки муқаддасоти худатонро фурухтед. Ва ин қадар ободиву пешравиҳои Тоҷикистонро намебинед. Ба қавли шоир:

Дар деги сияҳ шир сафедӣ кунад, аммо,

Чашмони сияҳкӯр ба ҷӯз дег набинад.

Аслан, барои одами фурӯхташуда, барои хоини гузаро, барои бешарафу беҳувият, барои ҷоҳилу манқурт, муқаддасоти Ватан, миллат, оила ва дин ҳеҷ арзиш надорад. Ҷиҳати ҳадафҳои нопоки хударо амалӣ намудан, ба ҳама кор қодиранд ва розианд, ки аз баҳри ҳама чиз гузаранд. Аз дини мубину муқаддаси Ислом суистифода намуда, он ҷавононе, ки дониши казоии динӣ надоранд ба доми фиреби худ кашида, ояндаи дурахшони онҳоро тираву торик мекунанд. Аз ҷавонони саодатманди кишвар, ки ояндаи Тоҷикистон онҳоянд эҳтиромона тақозо дорам, ки фирефта нашаванд. Фаровон мутолиа кунед.! Чунон, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадашон қайд мекунанд:

"Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонони огоҳу босавод мебошад"

Боқӣ, ба қавли ҳазрати Саъдии Шерозӣ

Муроди мо насиҳат буду гуфтем,

Ҳавола бо Худо кардему рафтем.

Наҳзат ва пайравонаш ҳеҷ чизро донистан, фаҳмидан гӯш кардан намехоҳанд. Чунки як ҳадаф доранд: танҳо ва танҳо пиёда кардани ғаразҳои нопоконаи худу хоҷагони хориҷияшон. Агар мо ҳар қадар аз муваффақиятҳо, пешравиҳои Тоҷикистон гӯем онҳо моро чашми дидан надоранд.

Ба қавли шоир:

Дар фаҳми ту ҷо намешавад олами мо,

Дар коса макун талоши ғунҷондани баҳр.

Фаҳмиши наҳзату наҳзатиён андозаи ҳамон коса аст. Худо хору залилтон гардонад. Дар инҷо мехоҳам бо мисрае иктифо кунам.

Дур аз Ватанӣ агар бар у санг занӣ,

Ҳам кофару ҳам хоину ҳам Аҳриманӣ.

Тавре, ки Пешвои муаззами миллат ҳамвора таъкид мекунанд: "таҳдиду хатарҳои муосир, дар навбати аввал, терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, амнияти бисёр давлатҳо ва мардуми онҳо, аз ҷумла Тоҷикистони моро халалдор мекунанд, мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем.

Вобаста ба ин, як андешаи худро, ки борҳо гуфтаам, такроран таъкид мекунам: терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва хурофот хатари ҷиддӣ барои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа мебошад.

Аз ин лиҳоз, мардуми мо, алалхусус, ҷавонон бояд аз ҳадафҳои нопоки чунин гурӯҳҳо огоҳ бошанд, ба доми фиреби шахсони ҳангоматалабу дасисабоз ва ифротгарову хурофотпараст гирифтор нашаванд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро, ки дастоварду неъмати бебаҳои зиндагии халқамон мебошад, ҳифз намоянд."

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Кабиров Ҷомӣ

Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай