Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ХУШХАБАРИ ВАРЗИШӢ

        Дар мусобиқаи байналмилалии шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон аз рӯи намуди варзиши Теквандо варзишгарони мактаби варзишии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бо роҳбарии мураббӣ Миров Тоҳир сафарбар карда шуда буданд, сазовори 4 медал гардида, парчами давлати хешро боло бардоштанд. Аз инҳо якто тилло ду нуқра ва якто биринҷӣ мебошад. Маврид ба зикр аст дар мусобиқа варзишгарони 5 давлати дунё аз қабили Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Туркманистон ва давлати мизбон Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд.

Сокинони шарафманди ноҳия ин дастовардҳоро аз самараи Истиқлолияти кишвар ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, фарзандонро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ ва ватандӯсту ватанхоҳ тарбия менамоянд.

      Бояд гуфт, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо варзишгарони ноҳия бо дастовардҳои нодири худ аз рӯи ҳама намуди Варзиш парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло мебардоранд. Ин барои ҳамаи мо шараф ва ифтихори бузург мебошад.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай