Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Пирӯзии хонандагони ноҳия

         Мавриди зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави фанҳои дақиқ, баланд бардоштани мақому маҳорати ихтирокорӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланд ва пайдо намудани ҷавонони навовар ба роҳ монда шудааст.

       Дар пойтахти кишвари азизамон Душанбешаҳр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “ Илм- фурӯғи маърифат” баргузор гардид ва дар ин озмуни бонуфуз хонандагони МТМУ №4 Фатҳуллои Шералӣ – хонандаи синфи 11 сазовори ҷойи 2-юм аз фанни ҷуғрофия ( соҳиби 25 ҳазор сомонӣ), Амрияздон Набиев хонандаи синфи 11, аз фанни химия сазовори ҷойи 3-юм ( соҳиби 15 ҳазор сомонӣ) гардиданд. Омӯзгори онҳо Одина Сафаров бошад соҳиби 10 ҳазор сомонӣ шуд.

       Бояд ёдовар шуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ғолибон ва қадр намудани онҳо дар маркази маъмурии ноҳия раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо бо гулчанбар ва дигар тӯҳфаҳо ғолибонро пешвоз гирифтанд. Пирӯзии шогирдони мактаби №4 – ро бо ҳамроҳии устодашон О. Сафаров муборак мегӯем.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай