Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Аз таърихи як падидаи номатлуб

        Бояд гуфт, ки ҳар амалу коре аз худ таърихи пайдоишро дорад. Коррупсия низ таърихи қадима дошта, яке аз муҳимтарин масъалаҳо ва мушкилоти иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, давра ба давра дар ҳар як давлати дунё реша давонда истодааст. Ҳарчанд, таҳлилгарон аз паёмадҳои ин падидаи номатлуб садҳо мақолаҳову мисолҳо навишта бошанд ҳам, вале он то ҳанўз решакан нашудааст. Ин амали хатарзо метавонад дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат таъсир расонда, ҷомеаро рў ба касод биёрад. Таърихшиносон пайдоиши порахӯрӣ ва ришваситониро ба охири садаи бистум рабт медиҳанд. Вале то охири садаи бистум ин раванди номатлубро ҳамчун як амали дур аз ахлоқ ва ниёзҳои иҷтимоии инсонӣ медонистанд. Агар ба андешаи баъзе таҳлилгарон ё таърихшиносон назар намоем, онҳо пайдоиши коррупсияро ба замонҳои қадим мансуб дониста, дарҷ менамоянд, ки дар ҷомеаи ибтидоӣ ва давлатҳои нахустин додани маблағи муайяне ба руҳониён ба анъана даромада буд. Озиста-оҳиста бинобар сабаби наандешидани чораҳои лозимӣ ё худ ҷазо татбиқ накардани нафароне, ки даст ба ришваситонб мезананд, ин падида рў ба авҷ овардан гирифт. Ҳокимон ва ё подшоҳони давр барои сарнагун кардани амали порахурӣ хулосаи даркорӣ набароварда, ба андешаи онҳо ин кор, рафтор ё ахлоқи ғайриинсонии як нафар маҳсуб меёбад. Дар раванди давлатдорӣ онҳо ба як қатор мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ шуданд, ки ин мушкилиҳо аз боло рафтани сатҳи зуҳуроти коррупсионӣ дарак медод. Албатта ин падидаи номатлуб метавонад ба амнияти давлату миллатҳо, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар умум ба ҳаёти инсоният таҳдид менамояд.

          Акнун инҷо чанд иқтибос ё маъноҳои калимаҳои ироа кардаи хешро мехоҳем манзури шумо гардонем хонандагони азиз. Маънои калимаи коррупсия “фасод” буда, ҳанӯз дар давраи ҳукмронии Ҳахоманишиён ба вуҷуд омада буд. Барои нест кардани фасод ва порахӯрӣ Куруши Кабир хеле мубориза бурда аст. Дар луғати тоҷикӣ маънои калимаи «Пора- пул ё чизи дигар, ки ба касе барои иҷрои кори ғайриқонунӣ дода мешавад» омадааст. Забоншиносон бар ин ақидаанд, ки худи калимаи Пора истилоҳи форсӣ - тоҷикӣ буда, аз замонҳои қадим дар истифода қарор дошт. Агар ба умқи масъала назар андозем, маълум мегардад, ки дар замонҳои пеш ҳам нафарони ришвахуру ришваситон низ вуҷуд дошта, бо ин амали ғайринсонии худ дар паҳн кардани коррупсия мусоидат намудаанд. Бояд гуфт, ки ҳар гуна амали коррупсионие, ки дар як ҷомеа зуҳур менамояд, дар ин ва ё он шакл ба амнияти он ҷомеа таъсири манфии худро мегузорад. Паёмадҳои манфии як амали коррупсионӣ боиси зарари молию ҷонӣ овардани чанд нафар ва ё фалаҷ гаштани як сохтори давлатдорӣ мегардад. Ҷинояткорон ё нафароне, ки даст ба ин зуҳуроти номатлуб мезананд, як нафар набуда, як тараф шахси мансабдор тарафи дигар шаҳрванди оддӣ мебошад. Пас агар як зарра виҷдон, номус ва ҳисси ватандўстӣ дар вуҷуди ҳар як фард вуҷуд дошта бошад, бояд аз ин падидаи хавфнок худро канор гирад. Зеро коррупсия таҳдид ба амнияти давлату миллат намуда, ба оромию осудагии инсон, сатҳи маънавӣ ва ҳаёти ў таъсири амиқе мегузорад.

Чунин ҳолат метавонад сабаби зуҳури ҳаргуна ҷинояткорӣ, гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, тақвият ёфтани норизоият миёни аҳолӣ гардад. Аз ин рӯ, барои ҳалли масъалаҳои коррупсия ва ба вуҷуд овардани фазои солими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030” ќабул шудааст, ки метавонад кафолати амният ва суботи бардавом дар Тоҷикистонро таъмин намояд.

      Ҳамчунин, моро зарур аст, ки аз сиёсати зиддикоррупсионии Сарвари давлат ҷонибдорӣ намуда, барои несту нобут сохтани ин зуҳуроти номатлуб аз як гиребон сар барорем.

Ҷ.Қувватзода -сармуҳаррири рўзнома,

Н.Собирзода- Сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай