Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МУСОҲИБА, ОМОДАГӢ БА ДАВРАИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

     Ҳар сол ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонида мешавад. Аз ҷумла, аз 28 марти соли 2023, №125 “Дар бораи сари ваќт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” қарор қабул карда шуда, иҷрои он дар ҳама сохторҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ ба роҳбарӣ гирифта шудааст. Вобаста ба рафти амалигардонии талаботи қарори мазкури Ҳукумати мамлакат дар ноҳия суҳбате доштем бо мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини сардори Ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 Мансур Сафаров.

       Муҳтарам, Сафаров, фарорасии фасли сармо торафт наздик шуда истодааст ва мушкилотҳое, ки сардиҳои зимистони солҳои 2021 ва 2022 ба бор оварда буд, фаромӯш нашудаанд. Марҳамат карда мегуфтед, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати амалигардонии қарори қабулкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125 дар ноҳия кадом корҳо ба анҷом расонида шудаанд?

       Боис ба тазаккур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 28 апрели соли 2023, №88 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилояти Хатлон барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” аз 23 майи соли 2023, №512 қарори раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба тасвиб расонда шуд. Дар асоси қарори мазкури раиси ноҳия аз ҳисоби муовинони раиси ноҳия ва дигар масъулони дахлдори шуъбаву бахшҳои дахлдори ноҳиявӣ Ситоди ноҳиявӣ ташкил ва нақшаи чорабиниҳои он тасдиқ карда шудааст. Ҷаласаҳои ситоди ноҳиявӣ бо иштироки аъзоёни ситоди ноҳиявӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардори Раёсати молия, роҳбарони ташкилоту муассиса, идораҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мунтазам гузаронида шуда, вазъи иҷрои қарори мазкури раиси ноҳия бобати омодагиҳо ба давраи фасли сармо баррасӣ шуда, аз масъулини соҳаҳо оид ба захира намудани ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ пурсиш ба амал оварда мешавад.

-Тавре медонем, таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба масъалаи омодагиҳо ба фасли сармо дар ин давра ба соҳаи иҷтимоиёт, махсусан маориф ва тандурустӣ бештар равона гардидааст. Ҳамасола баъди ба анҷом расидани машғулиятҳо дар мактабҳо таъмиру тармими биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ оғоз меёбад. Имсол ҳалли масъалаи мазкур дар муассисаҳои таълимӣ дар кадом вазъ қарор доранд?

        Дар ин самт шуъбаи маориф бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба захира намудани ангишту ҳезум дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус равона намуд. Дар заминаи қарори болозикри раиси ноҳия фармоиш ва нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маориф “Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои таълимии ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” таҳия ва тасдиқ гардида, иҷрои он аз тарафи муассисаҳои таълимӣ ва дигар иҷрокунандагон ба роҳбарӣ гирифта шудааст.

       Дар самти омодагӣ ба фасли сармо хариди маводи сӯзишворӣ ва ҳезум барои соҳаи маориф 1450800 сомонӣ иҷроиш ёфтааст, ки зиёда аз 100%-и иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.

        Барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 бо дарназардошти бақияи соли гузашта 1085 тонна ангишт, 1085 м3 ҳезум ва 6600 литр сӯзишвории дизелӣ ташкил дода, ба ҳолати имрӯза 1085 тонна ангишт баробар ба 100%-и иҷроиш, 1085 м3 ҳезум – иҷроишаш 890 м3 ё 82 % ва 3100 литр сӯзишвории дизелӣ ё 46,9% захира карда шудааст. 246 м2 – и нақшаи пешбинишуда дару тирезаҳои биноҳои муассисаҳои таълимӣ пурра шишабандӣ гардиданд.

Вазъ дар ин самт да дигар соҳаи иҷтимоии ноҳия – тандурустӣ чӣ хел аст? Маблағгузорӣ барои ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ ва захираи маводу воситаҳои зимистонгузаронӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

      Дар заминаи қарори болозикри раиси ноҳия фармоиш ва нақшаи чорабиниҳои БМН “Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои тиббии ноњия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоњу зимистони солњои 2023-2024” таҳия ва тасдиқ гардида, иҷрои он таҳти назорат қарор дода шудааст.

       Бояд тазаккур дод, ки барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши муассисаҳои тиббӣ барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 35650 сомонӣ чиҳати харидории ангишт, ҳезум, сӯзишвории дизелӣ, инчунин, маводҳои ғизоӣ ва асбобу воситаҳои гармидиҳӣ маблағгузорӣ гардидааст. Барои бо гармӣ таъмин намудани ҳуҷраҳои корӣ ва табобатии ҳамаи намуди муассисаҳои тиббӣ, инчунин, пешбинӣ намудани захираи маводҳо аз рӯи талаботҳои беморхона ба маводҳои ангишт, ҳезум ва ғизоӣ, барои дар муҳлатҳои муайяншуда пурра ба анҷом расонидани таъмир ва таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо ҳезум, ангишт, сӯзишворӣ, маводи хӯрокворӣ, печҳои аловӣ бо лулаҳо, печҳои барқӣ, генератор, таъмир ва шишабандӣ намудан тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шудаанд.

Барои муассисаҳои тиббӣ бо дарназардошти бақияи соли гузашта 63 тонна ангишт, 500 литр сўзишвории дизелӣ, 101 м3 ҳезум захира ва барои ҳуҷраҳои табобатӣ 60 адад печҳои аловӣ ва 50 адад печҳои барқӣ. муҳайё карда шудааст. 101 м3

Муассисаҳои тиббии ноҳия бо асбобу таҷҳизот ва дигар воситаҳои гармидиҳанда, аз ҷумла, печҳои аловӣ 76 адад бо лулаҳо, печҳои барқӣ 139 адад, генераторҳои барқӣ 10 адад, кондисионерҳои гармидиҳанда 90 адад таъмин буда, дару тирезаҳо пурра шишабандӣ шудаанд.

Барои чунин як мусоҳибаи пурмазмун ба Шумо ташаккур мегӯем. Бошад, ки омодагиҳо ба мавсими сарди имсола нисбати солҳои пешин хубтар ба роҳ монда шуда, он бе ягон мушкилот муваффақона ҷамъбаст карда шавад.

Мусоҳиб И. Набиев

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай