Аз 24 то 28 октябри соли 2023 дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯйи намуди таэквандо –WТ бо иштироки дастаҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қирғизистон ва Туркманистон баргузор гардид. Дар мусобиқа беш аз ҳаштсад нафар варзишгари наврас иштирок дошт.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз аз мактаби варзишии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ( директораш Бахтиёр Саъдуллозода) чор варзишгари наврас зери роҳбарии мураббии ботаҷриба Тоҳирҷон Миров ширкат варзиданд. Рақобатҳо дар ҳамаи вазнҳо басо тезутунд сурат гирифтанд. Боиси хурсандист, ки ҳар чор варзишгари ноҳия маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Варзишгари мо Ботиров Ҳамза дар вазни 25 кило бар ҳарифи худ аз кишвари Қазоқистон ғолиб баромада, соҳиби медали тилло гардид.
Варзишгарони навраси дигари ноҳия Билол Миров дар вазни 21 кило, Самир Кенҷаев дар вазни 26 кило сазовори ҷойи 2-юм ва медали нуқра, Муҳаммад Саидов дар вазни 32 кило ба гирифтани ҷойи 3-юм ва медали биринҷӣ комёб гардиданд, ки ин боиси ифтихор аст. Ин ҷо саҳми арзандаи мураббӣ Тоҳирҷон Мировро махсус қайд кардан зарур аст, ки ӯ шогирдони худро ба мусобиқа хеле хуб омода намуд.
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай варзишгарони ғолибро бо ҳамроҳии мураббӣ ва директори мактаби варзишӣ ба ҳузур пазируфта, онҳоро бо ғалабаашон табрику таҳният гуфт ва изҳор дошт, ки роҳбарияти ноҳия ҳамеша варзишгаронро дастгирӣ хоҳад кард ва ба онҳо дар мусобиқаҳои оянда барору комёбӣ таманно намуданд.