Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Кониститутсия- кафили рушди босуботи кишвар.

       Барои бунёди як давлат ва пиёда сохтани ҳадафҳои рушди устувори он, Конститутсия аҳамияти аввалиндараҷа дошта, таъмини волоият ва истиқлолияти комили кишвар аз он сарчашма мегирад. Чуноне дар яке аз баромадҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти маҳбуби мо гуфтааст: «Ҳадафи сиёсиси мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд»

       Воқеан ҳам, Конститутсия яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он дар таъмини волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқии арзишҳои умумидемократӣ, инкишофи давлату давлатдорӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши бағоят калон дорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Бо қабули ин санади муҳим, рушди ҳамаҷонибаи мамлакати мо тарақӣ карда, бо дастовардҳои бузурге ноил гардидем. Имрӯз, маҳз бо шарофати ҳамин ҳуҷҷати сарнавиштсоз манфиатҳои давлату миллат ҳифз гардида, арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатии мо эътироф гардиданд. Маҳз бо ҳамин хотир Конститутсияро шиносномаи давлату миллат меҳисобанд, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад.

Бо шарофати қабули Конститутсия ҷаҳониён Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистонро ҳамчун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд.

Афзалияти дигари ин санад, таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чорчубаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи Кониститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медињад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофи арзишҳои миллӣ, расму оинҳо ва анъанаҳои миллӣ дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ омили воқеъии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ гардидааст. Дар воқеъ, ин санади муқаддас ва тақдирсоз роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро чун чароғи фурӯзон барои садсолаҳо мунаввар намуд.

Ҷ.Қувватзода

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай