Имрӯз дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии идона Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, муовинони соҳавӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаҳои МИҲД-и ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони Ҷамоатҳо ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Сараввал, дар саҳни Филармонияи мардумӣ аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия намоиши китобҳо ва расмҳо ба ифтихори Рўзи Конститутсия ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ки Раиси ноҳия бо ҳайати меҳмонон аз он дидан карданд.
Сипас, дар толори Филармонияи мардумӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай баромад карда, қайд намуданд, ки Конститутсия - Қонуни асосии давлати соҳибистиқлоламон буда, кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ қавитару мустаҳкамтар гардонида, моро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шуданд.
Конститутсияи мо дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии ҳамаро дар назди Қонун эълон доштааст.
Баъдан раиси Суди ноҳия Шукурзод Назрулло суханронӣ намуда, зикр карданд, ки воқеан ҳам, Конститутсияи кишвар “ Шаҳодатномаи миллат” ба ҳисоб рафта, зарур аст, ки ҳар як фард бояд ҳар як моддаи ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро бидонад.
Дар охири чорабинӣ ба як зумра роҳбарону фаъолон ва пешқадамони истеҳсолот медалҳои ҷашнӣ ва “Сипоснома”-хо супорида шуд.
Дастаи ҳунармандони Филармонияи мардумии ноҳия бо суруду таронаҳои дилошуби худ хотири иштирокчиёни чорабиниро шод гардониданд.