Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Табрикоти раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай бахшида ба Рўзи Конститутсия

КОНСТИТУСИЯ - ИФОДАГАРИ ОРМОНҲОИ МАРДУМ

Ҳамдиёрони азиз!

Дар таърихи навини мардуми мо қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рўйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ин санаи муборак ҳар сол бо рўҳбаландии хосса таҷлил мегардад.

6 ноябри соли 1994 Контитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

29 соли амали Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатњои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.

Гузашти солҳо дурустии роҳи интихобкардаи роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати кишварро, ки бо майлу иродаи мардуми кишвар дар Конститутсия дарҷ гардидааст, нишон медиҳад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҷашни 29-умин солгарди ин санади воқеан ҳам муқаддас, тақдирсоз ва муайянкунандаи ояндаи дурахшони ҷомеаву тамоми тоҷикону тоҷикистониён ҳамаи шумо ҳамдиёрони азизро самимона табрику муборакбод мегўям.

Конститутсия - Қонуни асосии давлати соҳибистиқлоламон буда, кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ қавитару мустаҳкамтар гардонида, моро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуќуқу озодиҳои ў арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шуданд.

Конститутсияи мо дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии ҳамаро дар назди Қонун эълон доштааст.

Таҳия ва қабули Конститутсияе, ки воќеан ҳам, ба таври куллӣ ифодакунанда ва ҳимоятсози манфиатҳои шаҳрвандон ва тамоми аҳли ҷомеа бошад, барои мардуми тоҷик пас аз расидан ба истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид. Ба туфайли Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нерўҳои созавндаву покнияти сиёсӣ бо роҳбарии фарзонафарзанди халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омаданд ва тадриҷан вазъият дар мамлакат рў ба беҳбудӣ овард. Давра ба давра қонунҳои нав ва басо муҳим қабул гардиданд ва дар натиҷаи ин ҳама барои қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон заминаи созгор фароҳам омад.

Аз соли 1991 - соли бунёди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон то соли 1994 - қабули нахустин Конститутсияи мустақили Тоҷикистон вазъи сиёсиву иҷтимоии мамлакат хеле мураккаб буд. 29 сол муқаддам 6 ноябри соли 1994 бо қабули Конститутсия дар таърихи навини давлатдориамон саҳифаи наве боз шуд, ки дар таҳкими қонунгузорӣ дар мамлакат ва ҳифзи ҳуќуқу манфиатҳои шаҳрвандон заминаи мустаҳкам фароҳам овард.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик буда, самти инкишофи бебозгашти давлатдории миллати тоҷикро ба сўи демократия ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян намуда, воқеан ҳам, шоҳсутун ва ҳамчун шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри халқи азизамон мебошад. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Конститутсия ба бунёди давлати навини тоҷикон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ асос гузошта шуд ва он ба сифати сарчашмаи олии низоми ҳуқуќии мамлакат эътироф гардид.

Маҳз бо шарофати Конститутсияи кишварамон дар ноҳия садҳо иншооти гуногун ва корхонаҳои хурду миёна ва бузург имконияти ҳуќуқӣ пайдо намуданд, ки шакли моликияти худро дигар карда, имрўз ба манфиати мардуми ноҳия ва ҷомеа хизмат намоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми чораҳоро андешида истодааст, ки дар ноҳия –дар соҳаҳои саноат, сохтмон, хизматрасонӣ, нақлиёту алоқа, кишоварзӣ, чорводорӣ, боғу токпарварӣ ба комёбиву муваффаќиятҳои назаррас ноил шавем.

Имрўз диққати асосиро ба он равона намудаем, ки барои дар оянда таъмин намудани аҳолии ноҳия ба ҷойи кор ва маоши кифояткунанда корхонаҳои саноатиро афзоиш дода, бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда бисёртар коркарди ашёи хомро дар дохили ноҳия ба роҳ монему содирот намоем.

Шукрона аз он бояд намоем, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари мустаҳкам гардидани сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ, дар ноҳияамон сол то сол корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъат пайдо намуда, даҳҳо мактабу муассисаҳои тиббӣ, фарҳангӣ ва биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ барқарор ва азнавсозӣ шуданд.

Ҳар як шахс дар ҷомеа ҳуқуқи зиндагии арзандаро дорад. Барои сазовор гардидан ба зиндагии арзанда, бояд ҳамаи мо ба муқобили зуҳуроти номатлуби дар ҷомеа ҷойдошта муборизаи беамон барем. Дар густариши маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳмгузор бошем. Зеро танҳо бо ҳамин роҳ дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз карда, комёбиҳои худро дар бунёди ҷомеаи демократӣ минбаъд таҳким бахшида, роҳи худро ба сўи ҷомеаи мутамаддин идома дода метавонем.

Ҷашни Конститутсия барои мардуми тоҷик санади тақдирсоз аст. Мо товикону тоҷикистониён онро муқаддас меҳисобем ва умед аст, ки бардавому поянда барои Тоҷикистону тоҷикистониён хидмат мекунад. Дар навбати худ халқи шарифамон ҷиҳати амалӣ гаштани ин орзуи нек саҳиму саъйгир хоҳад буд.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро барои бо як ихлосу дилгармӣ таҷлил намудани 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-Бахтномаи миллат даъват намуда, ҳамзамон ба ҳамаи Шумо ин рўзро табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо хушбахтиву осоиш, саодатмандӣ ва ба Тоҷикистони азизамон суботу пешравиро орзу менамоям.

Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай