Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ - ОМИЛИ ПЕШРАВИҲО ДАР ҶОМЕА

     Ҷомеаи ҷаҳон дар самти тараққиёт ва кашфи техникаву таҷҳизоти ҳозиразамон тадбирҳои лозимӣ андешида, ба ин васила рушди зиндагии инсон ва осон намудани баъзан мушкилотҳоро ҳал менамояд. Новобаста аз шакли давлатдорӣ ҳар як мамлакат ҳамқадам бо кишварҳои мутараққӣ буда, кўшиш менамоянд, ки рушди муназзами соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии худро ба онҳо баробар намояд. Мавриди қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар самти рушди техникаву тараққиёт тадбирҳои лозимӣ андешида, ба ин васила рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии хешро вусъат мебахшад.

Бо ин мақсад Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, таҳти №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ба имзо расид, ки аз 1-уми августи соли 2023 тамоми намудҳои андоз, боҷҳои гумрукӣ, пардохтҳои суғуртаи ҳатмӣ, ҷаримаҳо, пардохтҳои коммуналӣ тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешаванд.

Ҷиҳати амалигардонии Фармони мазкури Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон, қарори раиси вилояти Хатлон аз 11.07.2023 таҳти №141 ва қарори раиси ноҳия аз 31.07.2023, №593 ба тасвиб расида, дастраси ҳамаи ташкилоту муассисаҳои соҳаи буҷетии ноҳия гардонида шудааст. Бо мақсади амалӣ намудани қарори мазкури қабулкардаи раиси ноҳия аз тарафи филиали №60 КВД “Амонатбонк” –и ноҳия чорабиниҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки гузариш ба низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ омили таъмини шаффофият дар раванди ҳама гуна пардохтҳо арзёбӣ гардида, андозсупорандагон метавонанд ҳама гуна амалиётҳои бонкиро ба таври осон ва бе сарфи вақти зиёдатӣ анҷом диҳанд.

-Гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ба устувории асъори миллӣ мусоидат намуда, фаъолияти моро дар самти амалишавии тамоми намуди андозҳо ва ҷаҳонишавии иқтисоди кишвар ҷоннок мегардонад,- мегўяд мудири филиал Раҳмон М.Ф.

Бинобар иттилои роҳбарияти КВД “Амонатбонк”-и ноҳия дар ҳоли ҳозир ба 28 ташкилотҳои буҷетӣ 68 адад Пос- терминалҳои пардохтҳои ғайринақдӣ дастрас гардидааст, ки корро дар ин самт хело осон намудааст.

-Аз ҷониби пост-терминалҳо расидҳо (чек) дар коғази термикӣ чоп мешаванд ва зуд тоза мешаванд, аммо ҳар касе, ки пардохт мекунад, ба телефони худ тариқи SMS огоҳӣ мегирад.

Илова бар ин, муассисаҳои давлатӣ ба портали ягонаи иттилоотӣ пайваст карда мешаванд, ки дар он маълумот дар бораи тамоми пардохтҳои шаҳрвандон дастрас мегардад. Дар ҳолати зарурӣ, бонк ҳисоботи муфассалро дар бораи амалиёти гузаронидашуда пешниҳод мекунад. Барои пардохт фоиз ситонида намешавад,- иброз медорад роҳбарияти бонк.

Инчунин, ба ташкилоту муассисаҳо ва дигар корхонаҳои буҷетӣ аз тарафи КВД “Амонатбонк”-и ноҳия барои чунин пардохтҳо 7422 корти бонкии беноми “Фарогир” дастрас намудааст.

-Кортҳои бонкии беном маънои онро дорад, ки пардохти ҳаққи хидматрасонии коммуналӣ, тамоми андозҳо, боҷи давлатӣ барои додани иҷозатнома ва литсензия, ҷарима ва дигар намудҳои хидматрасонии давлатӣ танҳо бо истифода аз кортҳои бонкӣ ё ҳамёнҳои мобилӣ сурат мегирад,-иброз дошт зангоми суҳбат мудири филиал Раҳмон М.Ф.

Мавриди зикр аст, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо КВД “Амонатбонк”-и ноҳия нақшаи чорабиниҳо оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, таҳти №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани њисоббаробаркунии ғайринақдӣ” иборат аз 32 банд таҳия шуда, амалишавии он давра ба давра ба роҳ монда шудааст.

Ҷ.Қувватзода, Сармуҳаррири рӯзнома

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай