Имрӯз дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов ба ифтихори “Рӯзи милитсияи тоҷик” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии идона Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, муовинони соҳавӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.
Маросими идона бахшида ба Рўзи милитсияи тоҷикро бо сухани табрикӣ раиси ноҳия оғоз бахшида, ҳозиринро ба ин санаи муҳим табрику муборакбод намуданд.
Зимни баромади худ раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай қайд намуданд, ки Маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохилии кишвар мубаддал гардид. Тавҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи баланд бардоштани инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ, сатҳи касбият ва маърифати хуқуқии кормандони милитсия, ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.
Баъдан сардори ШВКД дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ташрифзода Шоҳвалӣ суханронӣ намуда, зикр карданд, ки воқеан ҳам, Ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон вазнин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузашта, барои таъмини амну суботи ҷомеа талош варзидаанд.
Дар охири чорабинӣ ба як зумра кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа медалҳои ҷашнӣ ва “Сипоснома”-ҳо супорида шуд.
Дастаи ҳунармандони Филармонияи мардумии ноҳия бо суруду таронаҳои дилошуби худ хотири иштирокчиёни чорабиниро шод гардониданд.