Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Табрикоти Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик

        Басо рамзист, ки ҳамасола 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик бо шукӯҳу шаҳомат ва шукргузорӣ аз неъмати истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад ва таxлили ин сана гувоҳи он аст, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳама давру замон яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти милитсия ба шумор рафта, пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад. Иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.

Бо истифода аз фурсат, дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳар яки Шумо ҷавонмардони далеру шуҷои ватанро ба ин санаи фархунда самимона шодбош гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ ва дар иҷрои рисолати касбиву хизматӣ бароятон муваффаrияту муззаффарияти ҳамешагиро хоҳонем.

Мақомоти корҳои дохилӣ, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷомеа, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун ва коллективҳои меҳнатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ба ӯҳдаи онҳо вогузор шудааст, дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон яке аз мақомҳои аввалро доро мебошад.

Ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон вазнин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузашта, барои таъмини амну суботи ҷомеа талош варзидаанд.

Аз ҷумла, дар давраи мубориза бар зидди босмачигарӣ, солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъдан барои ҳимояи оромию осудагии шаҳрвандон садҳо кормандони шуҷоъу далери мақомоти корҳои дохила ҷонбозиҳо кардаанд. Бахусус, даврони Истиқлолияти давлатии кишвар барои милитсияи тоҷик марҳалаи нави фаъолиятро боз намуд ва рисолати бузургро дар иҷрои вазифа бар дўши онҳо гузошт. Ҳаводиси ҷанги таҳмилии дар кишвар рухдода, ки аз ҷониби чанде аз нотавонбинони хиёнаткори Ватан хатари табаддулоти давлатиро ба миён овард, собит намуд, ки сохторҳои қудратии мамлакат имрўз ба нерўи пуриқтидори муҳофизи якпорчагии Ватан табдил ёфтаанд.

Замоне, ки ба гузаштаи таърихи милитсияи тоҷик назар мекунем, пеши назари мо корнамоӣ, қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ба миллати бонангу номус ва куҳанбунёду бофарҳанг ҷилвагар мешаванд, ки саршор аз эҳсосу ғурури ватандӯстӣ мебошанд. Зеро онҳо ҳамеша баҳри ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи шараф, обрӯи давлату миллат, гиромӣ доштани осору эҷоди гаронбаҳои таърихӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият дар сафи пеши муборизаҳо қарор доштанд ва бо ҳисси ифтихор иброз менамоям, ки кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз низ дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, таҳкими субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи моликияти давлат ва шаҳрвандон қарор дошта, вазифаҳои мураккаб ва мушкили худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона иҷро мекунанд.

Маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохилии кишвар мубаддал гардид. Тавҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи баланд бардоштани инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ, сатҳи касбият ва маърифати хуқуқии кормандони милитсия, ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ милитсияи тоҷик бори дигар собит намуд, ки ҳамчун кафили амният ва сулҳу субот дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини тинҷиву оромии рӯзгори халқ ва устувор нигоҳ доштани пояҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд саҳми муассир дорад. Баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор гирифта буд. Ва кормандони ин ниҳоди бонуфуз бо далерию шуxоат ва xасорату матонати хеш борҳо исбот намудаанд, ки барои онҳо арзишҳои Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат волою муқаддасанд.

Дар тақвияти гуфтаҳои боло, бояд қайд намоям, ки ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рисолати касбии милитсияро софдилона ва сарбаландона адо намуда, фаъолияти шуъба дар мубориза бо ҷинояткорӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии қонуншиканиҳо дар маҷмуъ мусбат арзёбӣ гардида, сокинони ноҳия ҳамчун сипари боэътимод ба кормандони шуъба боварии комил доранд.

Дар назди милитсия вазифаҳои муҳиму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқи озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ меистад.

Итминон дорем, ки аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қаторӣ минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нерӯи ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона ва бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд, зеро милитсияи тоҷик дар таърихи чандинсолаи фаъолият вазифаи мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон расонидааст. Ин таҷрибаи ғанӣ аз ҳар як корманди милитсия тақозо менамояд, ки ин вазифаи пурмасъулро садоқатмандона иҷро намуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун устуворона қадам гузорад.

Дар фарҷом бори дигар тамоми кормандон Мақомоти милитсияти тоҷикро бо Иди касбиашон самимона табрик намуда, барояшон дар иҷрои вазифаи масъулиятнок барору комёбӣ ва сиҳатмандии ҳамешагиву сарбаландӣ таманно менамоем.

Ҷашни касбӣ муборак бошад, ҳомиёни қонунияту тартибот!

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай