Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Паём-раҳнамои имрўзу фардои мо

 

       Бояд гуфт, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Бо ин мақсад аз тарафи кормандони шабакаҳои барқи ноҳия як қатор корҳои ободонӣ, таъмиру азнавсозии зеристгоххои барқӣ анҷом дода шуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аз Паёми навбатиашон мебошад.

Мавриди қайд аст, ки рӯз то рӯз ҳолати техникиву шароити хуб дар самти энергетикаи кишвар ба амал омада истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 иброз намуданд: “ Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб, ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ карда шуд. Агар мо ин корро намекардем, шояд имрӯз умуман бе барқ мемондем.” Албатта, дар ин самт тамоми кушишӣ сарвари давлат равона гардида, мақсад беҳ намудани шароити бо барқу гармӣ таъмин намудани сокинони мамлакат ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки дар давоми соли 2023 аз тарафи кормандони шабакаҳои барқи ноҳия раванди корҳои таъмирӣ хуб ҷараён дошта, 36-адад Зеристгоҳҳои Трансфарматорӣ аз таъмири асоси бароварда шуд, ки 100% дарсадии нақшаро ташкил медиҳад. Дар самти ивази хатҳои интиқоли барқ низ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст, ки боиси фахри мо барқчиёни ноҳия мебошад. Дар давоми соли ҷорӣ хатҳои интиқоли барқи 10 кВ ба миқдори 55 км аз таъмири асосї бароварда шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, дар ин самт хатҳои интиқоли барқи 04 кВ низ ба миқдори 60 км аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Бо мақсади беҳтар шудани вазъи таъминоти барқ ба аҳолии ноҳия аз тарафи кормандони идора дар деҳаи Таги Намаки Ҷамоати деҳоти “Қаҳрамон” 12 адад пояҳои фарсудашуда ба пояҳои оҳану бетонӣ иваз гардид. Ҳамчунин, бо идома додани корҳои ободонӣ дар деҳаи Ҳаёти Нав-и Ҷамоати Чубек ба миқдори 102 адад пояи чўбини фарсудашуда ба пояҳои оҳану бетонӣ иваз карда шуд. Дар деҳаи Сайроби Ҷамоати Панҷоб низ, 6 адад пояҳои фарсудашуда ба пояҳои оҳану бетонӣ иваз гардид.

Насб ва ивази пояҳои фарсуда қариб дар ҳама Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба нақша гирифта шуда буд ва дар давоми сол қисмати зиёди онҳо иваз гардид. Дар як,чанд деҳаҳои Ҷамоатҳои Панҷрӯд ва Даштигулои ноҳия 317 адад пояҳои фарсуда шуда ҳам иваз карда шуд.

Бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар давоми соли ҷорӣ дар дењаи Меҳрвари Ҷамоати деҳоти Чубек, 1-адад зеристгоҳи трансформатори иловагии иқтидораш 630к ВА насбу васл карда шуд, ки аҳолї бо барқи хушсифат таъмин гардид. Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қаҳрамон низ, дар деҳаи Боғ 1-адад зеристгоҳи трансформатори иловагии иқтидораш 160к ВА насбу васл карда шуд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони шабакаҳои барқи ноҳия тамоми неруи худро сафарбар намуда, вазифаҳои ба душдоштаашонро софдилона иҷро намуда истодаанд. Дар давоми соли ҷорӣ дар деҳаи Киштиёи ҷамоати деҳоти Панҷрӯд 1-адад трасформатори иловагии иқтидораш 2550 ВА насбу васл гардид. Инчунин, дар деҳаи Ҳуснободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод низ 1-адад зеристгоҳи трансфарматорӣ иловагӣ, дар деҳаи Файзобод Ҷамоати деҳоти Даштигуло 2- адад, дар деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Турдиев 3- адад зеристгоҳҳои иловагӣ насбу васл гардиданд, ки ҷиҳати таъмини барқи хушсифат ба сокинон мусоидат менамояд.

Бо дастгирии Роҳбари филиали ҶСК ШБ дар шаҳри Кўлоб Темур Табарзода дар деҳаи Тагноби деҳоти Даштигуло зеристгоҳи трансфарматории 35-10 бо трансформатори иловагб бо иқтидори 4000 кВА насб гардида, сарбории зеристгоҳи трансформатори деҳаи мазкур аз байн бурда шуд.

Мо, кормандони шабакаҳои барқи ноҳия барои пешрафт ва рушди истеҳсоли барқ ва барои паст намудани талафоти неруи барқ саъю кўшиш намуда, трансформаторҳои тавоноияшон пастро ба трансформаторҳои тавоноияшон баланд ва ноқилҳои буриши кундалангияшон хурдро ба ноқилҳои буриши кундалангияшон калон иваз намудаем ва инчунин, ҳисобкунакҳои барқии индуксионӣ ба ҳисобкунакҳои электронӣ низ иваз гардиданд. Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 таҳти №586 “ Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ” дар корхона 11 адад постерминалҳо дастрас гардид, ки барои саривақт пардохт намудани ҳақќи истифодаи неруи барқ ва иҷрои сифатноки Фармони мазкур хизмат намуда истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат, ки зимни Паёми навбатиашон иброз доштанд тамоми кушишу заҳмати худро равона намуда, ваъда медиҳем, ки ҷиҳати ноил гардидан ба Истиқлолияти энергетикии мамлакат талоши дучанд ва заҳмати шабонарӯзии худро равона менамоем.

Юсуф Холов, Сардори шабакаҳои барқи ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай