Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Тоза намудани каналу ҷуйборҳо

       Бо мақсади амали намудани дастуру супоришҳои раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобоҷд тоза намудани каналу ҷуйборҳо мароми тоза касб намуда, сокинон баҳри рушду равнақи соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмин намудани дастархон бо ғизои тару тоза заҳмат кашида истодаанд. Тавре мушоҳида намудем дар деҳаи Меҳнатобод сокинон тариқи дастӣ ҷуйборҳои байни хоҷагиҳоро тоза намуда, омодагӣ ба мавсими киштукори баҳориро дида истодаанд. Дар тавозуни Ассосиатсияи хоҷагии оби Меҳнатобод 11 (роҳбараш Давлат Ҳакимов) 20,5 км заҳбуру заҳкаш, 40 км каналҳои дохили хоҷагӣ мавҷуд мебошанд. Ба иттилоъи роҳбари Ассосиатсияи мазкур то имрӯз 5 км каналҳои дохили хоҷагӣ тоза гардида, 500мт заҳбуру заҳкаш тоза гардидааст. Аз заҳмату меҳнат ва дили гарми сокинон возеҳ аст, ки онҳо пеш аз мӯҳлат каналу ҷуйборҳоро тоза менамоянд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай