Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ИНТЕРНЕТ – ОМИЛИ ГУМРОҲСОЗИИ ҶАВОНОН

      Тарбияи насли наврас бахусус љавонони мо яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи падару модар, омӯзгорон ва ҷомеа ба ҳисоб рафта, мебояд дар баланд бардоштани маърифати истифодаи телефони мобилӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва кор дар интернетро ба онҳо омӯзонем. Омилҳо ва ангезаҳои гароиши ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муҳаққиқону таҳлилгарони масоили динӣ-сиёсӣ шарҳ медиҳанд, ки интернет, муҳоҷирати меҳнатӣ, камбизоатӣ, камдонишӣ, надоштани ҳувияти миллӣ, шабакаҳои телевизионии моҳвораӣ ва ғайра мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густарда истифода мешавад».

Дар ин миён нақши ИНТЕРНЕТ дар ҷалбсозии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ назаррастар аст. Чунки, созмон, гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистии аз номи ислом баромадкунанда дар даҳ соли ахир дар ИНТЕРНЕТ (сомонаҳо, блокҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо) дар пешбурди фаъолиятҳои террористию экстремистии хеш ба «муваффақиятҳои чашмрас»-е ноил гаштаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки махсусияти ИНТЕРНЕТ дар ҷалби ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар он зоҳир мегардад, ки қисмати бузурги аудиторияи ҳаррӯзаи манбаъҳои онлайниро ҷавонони аз 30-сола поён ташкил медиҳад ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро бошад, наврасону ҷавонони аз сини 14 то 20-сола, махсусан, хонандагони макотиби таҳсилоти умумиву олӣ ташкил менамоянд. Имрӯзҳо баръало мушоҳида мегардад, ки падару модарон бе ягон шакку шубҳа телефонҳои мобилиро харидорӣ намудаву ба дасти фарзандони хеш медиҳанд. Бо кадом мақсад онҳо истифода мекунанд ба касе маълум нест. Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки баъди ворид гаштани тағйиру иловаҳо ба Кодекси љиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи тамошо ё гузоштани аломати “Маъқул” дар наворҳои созмонҳои террористӣ шахс ба ҷазои ҷиноятӣ кашида мешавад.

Мутаассифона, баъзан вақт ба назар мерасад, ки ҷавонони худноогоҳи тоҷик кӯр-кӯрона бе донистани асли пайдоиши маълумотҳо вориди шабакаҳои иҷтимоӣ гардида, намоишкорона дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аксҳои гирифтаи худро ҷой медиҳанд, ки ин рафтори онҳо боиси нигаронист. Чунки бо дидани симои зоҳирии онҳо ва ишораи мазкур дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ метавонад ба осонӣ туъмаи мубаллиғони интернетии террористону экстремистон гарданд. Яъне аз соддагиву гумроҳии онҳо истифода намуда, онҳоро оҳиста оҳиста ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ даъват намудан аз имкон берун нест. Бо ин мақсад ҳар як падару модарро зарур аст, ки пеши роҳи фарзандон, бахусус хонандагоне, ки дар даст телефони мобилӣ доранд гиранд. Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гуфтаанд, шояд назорат аз болои фарзандон тавонад моро аз ҳаргуна воқеаҳо наҷот диҳанд.

Дар мавриди мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш борҳо таъкид карда гуфтаанд, ки «нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем».

Собир Одинаев, директори МТМУ №15 "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон"

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай