Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Таҳлили фаъолияти корхонаҳои саноатӣ

 

         Имрӯз бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, муовини раиси вилоят муҳтарам Заробиддин Файзулозодда , муовини раиси ноҳия Бодомзода С (сарпарасти соҳа) ва роҳбарони коргоҳу корхонаҳои саноатии ноҳия вохӯрии судманд доир шуд. Мавриди қайд аст, ки мақсад аз вохӯрии мазкур ин натиҷагирӣ аз фаъолияти корхонаҳо дар панҷсолаи охир буда, маҳсулоти истеҳсолшуда, сифати иҷрои корҳо, ҳаҷми истеҳсол ва рақобатнок будани маҳсулоти истеҳсолшуда мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд. Баъди гузориши таҳлилии мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Мансурҷон Сафаров муовини раиси вилоят гузориши мазкурро мавриди таҳлил қарор дода аз роҳбарони корхонаҳо пурсишҳо ба амал оварда шуд.

Сипас, раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай дар тақвияти суханони муовини раиси вилоят баромад намуда, нисбати фаъолияти корхонаҳои саноатӣ нигаронӣ намуданд. Аз ҷумла раиси ноҳия нисбати сехҳои сементблокбарорӣ эроди ҷиддӣ гирифта, иброз доштаанд, ки аз бетаваҷҷӯҳии роҳбарони Нозироти андоз ва Омори ноҳия қисмати зиёди ин сехҳо дар қайд набуда, нисбати истеҳсоли маҳсулоти худ ҳисоботҳо пешниҳод намекунанд. Ҳамчунин раиси ноҳия нисбати фаъолияти корхонаҳои сангу шағалбарорӣ сухан намуда, вазъи фаъолияти онҳоро дар 5 соли гузашта мавриди таҳлил қарор доданд.

           Қайд гардид, ки маҳсулоти истеҳсолшудаи ин корхонаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам гардида, дар болоравии вазъи иқтисодии ноҳия саҳм нагузашта, ҳисоботҳои нодуруст пешниҳод менамояд. Ин раванд дар пинҳон намудани маблағҳои андоз, изофа нависӣ ва зиёд истеҳсол намудани маҳсулоту кам нишон додани он оварда расондааст. Бинобар ин аз соҳибкорони маҳаллӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ даъват ба амал оварда, онҳоро ба корҳои ободонӣ, пешрафти иқтисодиёт, дастгирии табақаи иҷтимоии аҳолӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафту тараққиёти ноҳия даъват намудаанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай