Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТЕРРОРИЗМ ВА ПАЙОМАДҲОИ НОМАТЛУБИ ОН. =Мусоҳиба=

         Ба ҳеҷ кас пўшида нест, ки имрўз дар ин давраи ҷаҳонишавӣ, давлатҳои соҳибқудрат давлатҳои ҷавону акнун ба по хестаистодаро ба ҳар роҳ (махсусан, бо роҳи зўроварӣ, террор, сўиқасд ва бастани роҳҳои пешравии сиёсату иқтисодиёти он), монеаи тараққиёташон шуда, ба пешравию осоиштагии онҳо халал ворид месозанд. Махсусан, бо роҳи террор ва нобуд кардани фарзандони арзандаи онҳо, (чунин шакли муборизаи номатлубу ноҷавонмардонаро мо дар солҳои аввали ба даст овардани истиќлолияти Ватанамон, дар таҷрибаи давлатсозиамон дида будем), мехоҳанд, дигар давлатҳоро тарсонданӣ шуда, сиёсати хуношоми худро дар он ҷойҳо ҷорӣ намоянд. Беҳуда нест, ки калимаи шуми террор – ин ситам ва ҷазои ҷисмонӣ (куштан, ҳабс ва бадарға), ба муқобили мухолифони сиёсӣ, кору амали бераҳмона (ҷабру фишор, нобуд ва зўроварӣ барои мағлуб кардани мухолифони сиёсӣ) маънидод шуда, дар қалби софи ҳар як фард тарсу ҳаросро ҷой мекунад. Калимаи терроризм бошад, решааш аз калимаи террор об мехўрад, ки он яке аз омилҳои хатарзои ҳар як давру замон мансуб мешавад. Ҳам калимаи террор ва ҳам терроризмро – шахси террорист бо ҳидояти хўҷаинони соҳибмансабиу сарватманди бегона ба амал мебарорад. Ғорат, куштор, нотинҷ сохтани сохти давлатдории ин ё он давлат ва ба фоҷиа мувоҷеҳ гардондани мардумон- вазифаи ин зархарид-террорист мебошад.

Оиди ин масъалаи доғи рўз суҳбате доштем ба ҷонишини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам ДАВЛАТҶОН МУҲУДДИНЗОДА.

-Муҳтарам Муҳуддинзода, дар ин замони пур аз таззодҳо, ки одамон ба ҳар роҳу восита мехоҳанд зиндагиашонро хубтару накўтар гардонанд, дар ин замоне, ки одамон бо кашфиётҳои нав ба нави худ ҷаҳонро ба ҳайрат овардаанд ва барои беҳбудии рўзгори одамон корҳои мусбатеро ба анҷом расонда истодаанд, террор, терроризм ва террорист низ чун сояи сиёҳ аз пасашон рафта, ҳодисаву воќеаҳои хуношоми худро ба ҳар роҳ ба амал бароварданӣ шуда, менеаи рўзгори осоиштаи онҳо мешаванд. Ҳамчун роҳбари ба самти корҳои идеологӣ мутасаддӣ дар ин бора фикратонро фаҳмидан мехостем?

-Дуруст гуфтед, ҳамин як калимаи терроризмро пеши рў овардан кифоя аст, ки пеши назарат куштор, сўйқасд, сўхтор, валангор шудани шаҳрҳои зебо ва нолаву афғони модарони фарзандгумкарда пеши назар ҳувайдо гардад. Ман дар радифи калимаи терроризм, калимаҳои бераҳмӣ, беватану бе аслу насаб будани шахси ба ин амалҳо даст дошта, ашхоси бераҳм, бедин (гарчанде, ки ќисми онҳо дар ин амалҳои хуношоми худ динро дастак мекунанду аз номи он фатво медиҳанд), аз сиёсату адолат дур буданро илова карда, террористро шахси бераҳм, манқурт (шахсе, ки мағзаш хушк шудааст) -ро илова карда, мақоли «пойи номубораки Маҳмуд ба ҳар ҷойе, ки расад барорад дуд»-ро илова мекунам. Ва бояд бигўям, ки террорист худ ба худ ба вуҷуд намеояд, идеологияи дар замини дили ў реша давондаро чун худаш ашхоси ба зиндагӣ ба назари каҷ нигоҳкунанда, одамбезор, ба Ватани худу модару падар ва зану фарзандони худ раҳме надошта кишт мекунад. Ба ҳар роҳ, хоз ба зўрӣ, хоҳ ба зар. Террорист Ватан, модар ва мазҳаб надорад. Чунин ашхос бандаи молу пул шуда, ба пасттарин кор қодир аст. Дар замони имрўза бошад, дар ниҳоди террорист ин амалҳои номатлубро аслан бо пул (зар) ва бо идеология бегонапарастӣ ҷой мекунанд. Террорист шахсест, ки бо пулу мол имони худро ба савдо задааст ва ҳар як лаҳза қодир аст, бо фармони хоҷагони худ ва маблағҳои аз хуни бегуноҳон олудашуда худро ба обу оташ андозад, ќурбон кунад. Мо амалҳои хунинбори террористонро дар замони акнун ба истиќлолият мушарраф гаштани Ватани азизамон дида будем. Он амалҳои марговареро, ки бо дастони хунолуди террористон ба амл бароварда мешуданд ва аз садои ваҳмангези онҳо мардум ба даҳшат меомаду садҳо одамони бегуноҳ қурбон мешуданд, дар таърихи давлатдориамон дидем, бале дидему маҳкум кардем. Имрўзҳо бошад тавассути ахбори умум мо аз амалҳои марговари террористҳо ва хўҷаинони онҳо дар ин ё он гўшаи олам воқиф мешавем. Аз амалҳои ғайриинсонии онҳо садҳо одамон нобуд шуда, кўдакону тифлони бегуноҳ ятиму бекас мемонанд.

-Мухтарам Муҳуддинзода имрўз дар Ватани озоду ороми мо низ зумрае аз ҷавонон ба ҳама ин неъматҳои додаи истиќлолият ношукрӣ карда, даст ба амалҳои номатлуб мезананд. Ватани дар замини поку муқаддаси он рехтаи хуни нофашонро, падару модарашонро пеши рў наоварда, бо ҳар роҳ мехоҳанд, онро сиёҳ кунанд. Дар расонаҳо кам нахондаем оиди он ашхоси нону намакхўрдаи Ватанамон, ки бо нону намаки хўрдаашон носипосӣ карда ба намакдон туф мекунанд. Онҳо беҳаёона, ноҷавонмардона, душманона Ватанашонро наҳ зада, чун тутии дар қафас маҳбасӣ буда, гуфтаҳо ва нишондодаҳои хўҷаинони худро такрор мекунад. Бо роҳи каҷи фоҷиабор мераванд, ки аз амалҳои террористии онҳо садҳо одамони бегуноҳ қурбон мешаванду зарар мебинанд. Ақидаатон дар ин мавзўъ.

-Бале, дуруст гуфтед, имрўз ҳастанд ашхосе, ки ба комёбию муваффақиятҳои Ватани озоду ороми сол аз сол тараққикунандаю ободшавандаи мо ҳасад бурда, набзи қалби пур аз бухсу кинаашон аз меъёр зиёд ба задан даромада, фишори хуни сиёҳи лаълбастаашон дуболо мешавад. Ба ҳар роҳ ( ҳатто бо роҳи террор низ), мехоҳанд, «ҳисси» хиёнаткоронаи худро дар ин муваффауиятҳо гузоранд. Аммо фаромўш набояд кард, ки гузаштагонамон ба чунин мавридҳо ишора карда, барҳақ гуфтаанд: «офтобро ба доман пўшонда намешавад». Пеши роҳи ин муваффақияту комёбиҳои Ватани моро, ки дар даврони истиқлолият бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд ва омада истодаанд дигар ягон нохалафе гирифта наметавонад. Дар атрофи Президенти мамлакат чун панчаҳои як даст мустаҳкам муттаҳид шудани мардуми сулҳдусту озодихоҳи мамлакат зарбаи марговарест ба террористону хоинон ва бадбинони Ватани озоди мо. Имрўзҳо душманону хоинони Ватану миллати мо тавассути расонаҳои иғвоангез ба суроғаи Сарвари давлат ва сиёсатмадорони варзидаи Ватани мо ҳар гуна дурўғбофиҳо ва сохтакориҳо паҳн карда, мехоҳанд ба васила обрў ва эътибори онҳоро дар арсаи ҷаҳони коҳиш диҳанд. Аммо он иғвогарону душманон ҳаргиз ба мақсадашон намерасанд. Мардуми шарафмнду бунёдкори мамлакатамон аз ҳиллаю найрангҳои онҳо, аз мақсаду ниятҳои нопокашон кайҳо хабардор гардидааст. Акнун ин истиќлолияте, ки бо худ ободию оромӣ, бунёдкориву зиндагии пурбаракатро овардааст, аз даст доданӣ нест, ҳатто бо нақди ҷон ҳам бошад. Дуруст қайд кардед, дар радифи он бадбинони Ватану модари хеш аз ноҳияи мо низ зумрае аз ҷавонони гумроҳшуда ҳастанд. Аммо аз рўйи хабарҳои расида, қисме аз ин чавонон аз кирдорҳои худ пушаймон шуда, мехоҳанд ба кишвари озоду ободи худ биёянд, аммо он фишоре, ки аз тарафи азҳоби сиёсии мухолифин ва шахсони алоҳида дар ҳаққашон раво дида мешавад, рози бозгашташонро бастааст, ки дигар илоҷ надоранд. Ва инро ҳам бояд бигўям, ки ҷавонони имрўза акнун ба ҳиллаю найранги азҳоби мухолифину одамони алоҳидаи ба ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф сару кор дошта, сарфаҳм рафтаанду ба доми найранги онҳо намедароянд. Мактаби омўзиши чунин шахсиятҳои фиребгару ватанфурўш, ки бо чунин усулу тарғиби худ зумрае аз ҷавонони сустиродаро ба доми худ меандозанд, акнун натиҷаи дилхоҳ надода, тирашон хок хўрда истодааст.

Муҳтарам Муҳиддинзода, мегўянд, ки касе, ки ташвиқу тарғибот дар дасташ аст, дунёро идора карда метавонад…

-Шуморо дуруст фаҳмидам, мо дар ин самт корҳои зиёдеро ба нақша гирифта, онҳоро марҳила ба марҳила ба амал бароварда истодаем. Бояд бигўям, ки кори ташвиқу тарғиб дар ноҳия мувофиқ ба талаботи рўз аст. Махсусан, ташкил намудани вохўриҳову чорабиниҳои гуногуни сиёсиву маданию варзишӣ бо худ ҷавонони зиёдеро ҷалб мекунанд. Чунин чорабиниҳои судбахш имкорият медиҳанд, ки мо насли ояндасозро дар зери ғояҳои ватанпарваронаю сулҳдўстонаи Сарвари муаззами миллатамон тарбия намуда, роҳ надиҳем, ки ягон ашхоси бегона майнаи онҳоро бо суханҳои пучу подарҳаво ва ваъдаҳои болохонадори худ заҳролуд намояд.

-Ташаккури зиёде барои суҳбати пурмуҳтавоятон, саломат бошед.

Мусоҳиб, А.Салимов

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай