Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Паём – раҳнамои мо

        Бо дастури раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҷиҳати тарғибу ба мардум расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии кишвар гуруҳи корӣ ташкил шуда, мулоқоти навбатӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 бо аҳли фаъолони шаҳраки Москва баргузор гардид. Гуруҳи корӣ дар ҳайати Д. Муҳуддинзода- муовини раиси ноҳия, роҳбари гуруҳ; И. Набиев- котиби Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия, Ш. Раҳимов – раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Қувватзода Ҷ.- сармуҳаррири рӯзномаи “ Навиди Ҳамадонӣ”, Ш. Назаров- мудири бахши дин, танзим, анъана ва ҷашну маросим , Ш.Саидов- мудири бахши ҷавонон ва варзиши МИҲД-и ноҳия, Сафаров Ф.,- мушовири шуъбаи маорифи ноҳия дар мулоқот бо аҳли толор доири нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, қайд карданд, ки Паём як рӯйдоди муҳимму фараҳбаш ба шумор рафта, тамоми паҳлуҳои кору пайкори мардуми кишварро дар бар гирифтааст. Гуфта шуд, ки Паём барои ҳар як сокини мамлакат Барномаи фаъолият маҳсуб меёбад ва ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри амалӣ намудани нуқтаҳои Паём аз дилу ҷон азму талош намоем.

Дар интиҳо китоби таълиф намудаи муовини раиси ноҳия Д. Муҳуддинзода "Эмомалӣ Раҳмон - Эҳёгари тамаддуни тоҷикони ҷаҳон" ба пешқадамон ва фаъолони муассиса ҳамчун тӯҳфа тақдим шуд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай