Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНУ СОКИНОН ОИД БА ДАЪВАТ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

        Мавриди зикр аст, ки имрӯз таҳти раёсати муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода, сардори қисми ҳарбии 0307-и ҚС КДАМ ҶТ дар ноҳия полковник Зафар Шарифов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Шамсиддин Саидов бо фаъолону сокинони деҳаи Сомониёни деҳоти ба номи С.Турдиев суҳбату корҳои оммафаҳмонӣ доир гардид. Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати ҳимоя ва муқаддас донистани сарҳади давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва суботи сиёсӣ вохӯрии судманд доир шуд.

       Бояд қайд намуд, ки нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ, амнияту оромӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ вазифаи ҷонию имонии ҳар як шаҳрванд маҳсуб ёфта, фарзандонро мебояд дар ин рӯҳия тарбия намуд. Қайд гардид, ки сокиноне, ки дар марзи ноҳия зисту зиндагӣ доранд, бояд ҳушёру зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳимояи Ватан- Модар фарзандонро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намоянд.

Баромадкунандагон иброз доштанд, ки солҳои охир дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон, суботи сиёсӣ ва амнияти шаҳрвандон рӯз то рӯз коҳиш ёфта, ҳар гуна ҳизбу созмонҳои террористӣ аз ин фурсат истифода намуда истодаанд. Моро зарур аст, ки ҳар як порча замини муқаддас ва истиқлолияти комили худро доимо муҳофизат намуда, бо дилу ҷон ҳимоя ва ҳифзи марзу бум, тарбияи меҳанпарастӣ, дӯст доштани Ватанро ба фарзандонамон омӯзем. Ва ҳеҷ вақт ба душманони миллат имкони рахна намудани сарҳади худро надиҳем.

Ҷ.Қувватзода

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай