Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ИДОМАИ МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНУ СОКИНОНИ НАЗДИ МАРЗӢ ВА ДАЪВАТ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

         Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати ҳимоя ва муқаддас донистани сарҳади давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва суботи сиёсӣ бо фаъолону сокинони Ҷамоатҳои Панҷоб ва Чубек суҳбату корҳои оммафаҳмонӣ доир гардид. Мавриди зикр аст, ки дар мулоқот муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода, сардори қисми ҳарбии 0307-и ҚС КДАМ ҶТ дар ноҳия полковник Шарифов Зафар Зарифович, ва дигар фаъолон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ, амнияту оромӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ вазифаи ҷонию имонии ҳар як шаҳрванд маҳсуб ёфта, бахусус, сокиноне, ки дар марзи ноҳия зисту зиндагӣ доранд, бояд ҳушёру зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақомотҳои марбута дар робита қарор дошта бошанд.

Баромадкунандагон иброз доштанд, ки солҳои охир дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон, суботи сиёсӣ ва амнияти шаҳрвандон рӯз то рӯз коҳиш ёфта, ҳар гуна ҳизбу созмонҳои террористӣ аз ин фурсат истифода намуда истодаанд. Моро зарур аст, ки ҳар як порча замини муқаддас ва истиқлолияти комили худро доимо муҳофизат намуда, ба душманони миллат имкони рахна намудани сарҳади худро надиҳем.

Ҷ.Қувватзода

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай