Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Суҳбат бо афсарону сарбозон

       Бояд қайд намуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо инчунин, сӯҳбату вохӯриҳо бо сарбозону афсарон низ дар назар дошта шудааст.        Дирӯз бо иштироки муовини раиси ноҳия Давлатҷон Муҳуддинзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Шамсиддин Саидов дар қисми ҳарбии 0307 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ноҳия суҳбату мулоқотҳо идома ёфта, ба ин васила тарғибу ташвиқи ваҳдату ягонагӣ, ҳифзи дастовардҳо ва арзишҳои миллӣ, ҳимояи марзу бум ва истиқлолияти комили кишавар ба роҳ монда мешавад.               

         Аснои суҳбати худ, онҳо сарбозонро аз хидмати софдилонаю садоқатмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба даст овардани ваҳдату ягонагӣ ва Истиқлолияти комили кишварро натиҷаи он маънидод намуданд.Аз сарбозону афсарон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳифзи дастовардҳо, ҳимояи сарҳад ва эҳтироми парчам ва Истиқлолияти комили мамлакатро дар мадди аввал гузошта, ба барои ҳимояи Ватан- Модар содиқ бошанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай