Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Озмуни ноҳиявии ҳарбӣ- варзишии “Ватанпарвар”

         Санаи чордаҳуми феврали соли равон бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Исмоили Сомонӣ озмуни ноҳиявии “Ватанпарвар” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур дастаҳо аз муассисаҳои таълимии ноҳия ( хонандагони синфҳои 9,10,11) фаъолона ширкат варзида, аз рӯйи се шарт- салом, суруди ҳарбӣ ва қадамзанӣ маҳорати хешро нишон доданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ ҳайати дастаҳои мактабҳои №№9,16, сазовори ҷойи аввал, мактабҳои №№ 23,8 ҷойи дуюм ва МТМУ №№34,54 соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дастаҳои ғолиб бо диплом, медал ва туҳфаҳои таъсиснамудаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай