Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ДАСТОВАРДҲОИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲИФЗИ ОН

          Мавриди қайд аст, ки тайи чанд соли соҳибистиқлолии худ мо ба як чанд дастовардҳои нодирӣ таърихӣ ноил гардидем. Яке аз дастовардҳои беназири мо ин Истиқлолият аст. Истиқлолият воқеан як калимаи муқаддас ва бузург мебошад, ки миллатҳо солҳову асрҳо баҳри ба даст овардани он ҳар он чизе доранд, харҷ мекунанд, вале боз ноком мегарданд ва орзуҳои худро ба олами хомӯшӣ мебаранд. Истиқлолият калимаест, ки ба ҳеҷ иборае онро наметавон баён намуд, онро танҳо эҳсос менавон кард. Истиқлолият калимаест, ки миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Истиқлолият мафҳумест, ки шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои миллатро таъмин менамояд.

Бо ташаббус ва ҷонфидоҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо миллати тоҷик дубора эҳё гардида, соҳиби истиқлолият ва арзишҳои миллии худ гардидем. Истиқлолият моҳияти ҳастии озоди инсонро ифода месозад. Имрӯз миллати мо аз он ифтихор дорад, ки соҳиби давлати мустақил аст, яъне ба Истиқлолияти комили сиёсӣ даст ёфтем, давлати миллӣ ва соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додем, ки дар таърихи навини давлатдориамон рӯйдоди бузурги нодири таърихист. Зеро миллатҳое буданд, ки мавҷудияти миллати куҳанбунёди тоҷикро эътироф намекарданд ва ӯро ҳамчун миллат намешинохтанд. Ҳамин боис гардид, ки баъди Инқилоби Октябр Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии автономӣ ташкил карданд ва ин таҳқирро бузургоне, чун устод Айнӣ бардошт карда натавонистанд ва ба шиносондани ин миллати куҳанбунёду фарҳангӣ пардохтанд ва асари бузурги худ “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро иншо карда, аз миллати худ дифоъ намуданд. Мешавад гуфт, ки аз ҳамон лаҳза аввалин хишти Истиқлолияти сиёсии миллати мо гузошта шуда буд, гарчанде ки ин як муддати дигар дар қалбҳои хирадмандону миллатдӯстон парвариш меёфт. Танҳо дар охири солҳои 90-уми асри бист дубора ба истиқлолияти сиёсӣ расидем ва соҳибихтиёрии миллиро ба даст овардем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳояшон Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд ва мардумро барои ҳифзу нигоҳдории он чун гавҳараки чашм роҳнамоӣ карда, онро тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини миллиамон меноманд: Ва дар яке аз баромадҳои худ таъкид доштанд, ки «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем». Дар ҷойи дигар таъкид намуда мефармоянд: «Дар натиҷа мо дар зарфи беш аз ду даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад».

Оре, муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик ин таъмини сулҳу суботи сиёсӣ ва тинҷию оромии мамлакат мебошад. Бо шарофати Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ комёб шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду якдилӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву хештаногоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.

Барои ин ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии сарвари давлатамон расида, ҳифзи дастовардо ва арзишҳои миллиро дар мадди аввал гузошта, баҳри ояндаи дурахшони давлатамон саъю кушиш намоем.

Ҷумахон Бароталиев, директори МТМУ №12

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай