Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ПАЁМ- ТАҲКИМБАХШИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ МАМЛАКАТ

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустиро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ба ҳамин далел тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи тандурустї, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Ҳатто дар солҳои вазнини ибтидои истиқлолият тамоми фикру андешаи Пешвои миллат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои соњаи тандурустї, дастгирии ин соҳаи барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 бори дигар ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки «Дар соли 2023 барои соњаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муќоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буљети давлатиро ташкил медиҳад».

Дар баробари ин, Президенти мамлакат иброз доштанд, ки «Ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад.

Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд».

Давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Ба мақсади беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ, бо мадади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин санадҳои меъёрии дорои аҳаммияти зиёд ба тасвиб расидаанд. Дар солҳои охир соҳаи хидматрасонии тиббии кишвар ба азнавсозии заминаҳои ташхисиву табобатӣ, неруманд намудани инфрасохтори муассисаҳо, таъмини дастрасии хидматрасонии ташкилӣ, муолиҷавию пешгирӣ ва ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобатӣ сурат гирифт.

Тавре Пешвои муаззами миллат қайд намуданд «Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавќулода дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи «Миллати солим», ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ шуда истодааст...

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маљмўии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд».

Ҳамчунин, дар Паёми худ Сарвари давлат аз афзоиши аҳолӣ ва паст гардидани фавт сухан намуда, иброз доштанд, ки «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла дар ин давра шумораи фавт ба њисоби 1000 нафар нафар аҳолӣ аз 6 нафар дар соли 1991 то 3 нафар дар соли 2023 паст гардидааст. Яъне дар ин давра фавт 2 баробар коҳиш ёфтааст.

Аз ҷониби дигар, дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расидаат.

Мо кормандони соҳаи тандурустии ноҳия гуфтаҳои Паёми Пешвои муаззами миллатро ҳамчун роҳнамои касбӣ аз худ намуда, баҳри иҷрои он ва пешрафти соҳа талошу заҳмати шабонарўзии худро равона намуда, ба халқу миллати худ ва давлати соҳибистиқлоламон содиқонаю софдилона хизмат менамоем.

Муродбек Муллоев, роҳбари КАТС-и ноҳия.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай