Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Вазъ ва нигоҳдории роҳҳо масъулиятро металбад

          Бо мақсади танзими нақлёти боракаш ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар ноҳия корҳои назоратӣ пурзӯр гардида истодаанд- иброз дошт Мудири бахши Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи наклиёт дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Тоҳирзода Манзар.

Мавриди қайд аст, ки тайи як ду моҳи охир аз тарафи кормандони муассисаи мазкур рейдҳои муштарак доир шуда, мошинҳои боркаш ва вазни онҳо дар доираи меъеёрҳои муайяншуда санҷида мешаванд. Бинобар иттилои мутахассиси Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи наклиёт дар ноҳия Дилшод Зиёев мошинҳои боркаши тамғаи "Дулан" зимни кашондани борҳо аввал аз санҷиши тарозу гузашта, меъёри вазн муайян шуда, баъдан иҷозат дода мешавад. Аз тарафи муассисаи мазкур дар ноҳия ҷойи махсуси кам намудани вазни мошинҳо муайян шудааст, ки дар ҳолати зиёд будани вазн онҳо кам карда мешаванд. Нигаронии кормандони ин ниҳод аз он аст, ки баъзан мошинҳо бо вазни аз меъёр зиёд (тақрибан 50-52 тонна) бор дар роҳҳо ҳаракат менамоянд, ки дар натиҷа ба вайроншавии роҳҳо оварда мерасонад.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо бо дастгирию талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, абармарди созандаву бунёдкор кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳадафҳои стратегӣ баромада истодааст. Ва барои арҷ гузоштан ба меҳнату заҳмати Президенти мамлакат мо бояд тамоми чораҳои заруриро андешем.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай