Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ХАТАРҲОИ НАВ ВОБАСТА БА АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ИФРОТГАРОӢ (ЭКСТРЕМИЗМ)

Терроризм чун рӯйдоди хавфноку мушкилпешгӯикунандаи замони муосир,ки ба шаклҳои гуногун доман паҳн мекунад,ҳамсафари доимии одамон гаштааст.Ҳамлаҳои террористӣ ҳисороти зиёди ҷонӣ оварда,ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари таҳмили фишору ҳамлаҳои психологӣ,инчунин,ҳисороти моливу маънавиро дар пай дошта,барқарории он аксар вақт барои одамон имконнопазир мегардад.Терроризм,хушунат,нобоварию бадбиниро миёни кишварҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ тавлид намуда,барои бартарафсозии оқибатҳои он баъзан ҳаёту зиндагии як насл камӣ мекунад.Терроризм,чун рўйдоде дар ҷомеа,ки баъзан ба он либоси сиёсӣ мепўшонанд,ин натиҷаи сиёсатбозиҳои бемаънӣ аст,ки гурӯҳҳои ҷудогона ҳуқуқ ва қонуниятҳои давлатро зери шубҳа гузошта, барои ба ҳадафҳои шуми худ расидан,аз амалҳои террористӣ истифода карданӣ мешаванд.Гурӯҳҳои мухолифи ҷиноятпеша барои фароҳам сохтани шароити боз ҳам мӯътадил,ҷиҳати фаъолиятҳои ғаразнок ба ҳарифон ва сохторҳои давлатӣ ҳамлаҳои террористӣ анҷом медиҳанд.Қурбонии терроризм метавонад ҳар инсоне,ки ба муноқишаҳо ягон муносибат ва ҳатто рабте надошта бошад,гардад.Дараҷаи пайдоиши терроризм,таъсири шаклҳои мушаххаси зуҳури он дар ахлоқ ва ҷомеа аз як ҷониб,пурқувватсозии неруҳои солими ҷомеа ва давлат дар ҳалли масъалаҳои хеле мубрам,аз ҷумла,пешгирӣ ва решакансозии терроризм нишондоди таҳлилӣ маҳсуб меёбад.Мутаассифона,терроризм силоҳи тарсу ваҳм,қатлу куштор ва нобудсозӣ миёни ҷаҳони оштинопазир гашта,дар фаҳмиши ҳаёт назариёти мухталифу фарқкунанда ва ахлоқу фарҳанги заифро фароҳам овардааст.Дар чанд соли охир терроризм чун проблема дар ҷаҳони муосир доман паҳн намуда,афзоиши устувор касб намудааст.Ҳодисаҳои террористӣ аз рӯйи хусусиятҳои худ сол то сол муташаккилонаю бераҳмона гардида,дар созмондиҳии он аз васоити мухобиротии ҳозиразамон,техникаву дигар муҳиммот истифода мегардад.Созмонҳои террористӣ барои амалиётҳои хеш шаклҳои мухталифи ширкату бонкҳо ва фондҳоро чун сипар дар ихтиёр қарор медиҳанд.Возеҳ аст,ки барои шиддат бахшидани мубориза ба ин рӯйдоди хеле хавфнок зарур аст,ки роҳбарони сатҳи олии давлатҳо муттаҳид ва созмонҳои байналмилалӣ таъсис ёбанд.Барои ба амал баровардан ва шаклгирии муборизаи беамон алайҳи терроризм таҳлили фаҳмиши ягонаи байналмилалӣ-ҳуқуқии он ва тавсифи амиқи ҳуқуқии ин навъи ҷиноят ба эътибор гирифта шавад.Дараҷаи хатаре,ки терроризм ба ҷомеаи муосир дорад,далелҳои раднопазир бозгӯйи он аст ва кишварҳои абарқудрат бар зидди терроризм қонунҳо қабул менамоянд ва ягон мулоқоти сарони кишварҳо бе муҳокимаи ин мушкилот намегузарад.Амалҳои террористии солҳои охир нишон медиҳанд,ки ягон кишвари дунё дар алоҳидагӣ аз њамлаҳои ваҳшиёнаи террористон дар амон нест.Одамони бегуноҳ қурбон мешаванд.Аз ҳамин хотир, Тоҷикистон муттаҳидсозию ҳамоҳангсозии неруҳои минтақавӣ ва байналмилалиро дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ,эстремизми динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти нангинеро,ки барои инсон хатарзо ҳастанд,зарур мешуморад.Таърихи тўлоние, ки терроризм дорад,он ба ҳар гуна роҳу шева зуҳур намуда, ин падида ҳазору панҷсад сол аст,ки дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҷонҳои ҳазорон одамони бегуноҳро рабудааст.

Дар рӯзҳои мо шаклҳои гуногуни терроизм вуҷуд дорад,ки аз рӯйи хусусият ва фаъолияти тахрибкоронаашон мақсаду ҳадафи онҳо барои муваффақ шудани натиҷаҳои гуногун нигаронида шудааст.Терроризми дохилидавлатӣ фаъолияти гурӯҳи муташаккили террористӣ ва ё террористони инфиродиро муаррифӣ менамояд,ки мақсади онҳо барои ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ дар дохили як давлат мебошад.Терроризм асосан зӯроварӣ аст ва дидаву дониста муқобили ҳар кишвар нигаронида мешавад. Вақте терроризми давлатӣ аз марзи кишварҳои алоҳида берун меояд,он хусусияти терроризми байналмилалиро касб мекунад.Агар ба таври дастаҷамъона пеши роҳи терроризм ва экстремизм гирифта нашавад,терроризм дар сатҳи васеъ ва чашмгир доман паҳн намуда ва он ба устувории давлатҳо зарба ворид менамояд,ҳисороти зиёд тавлид карда,ёдгориҳои фарҳангиро нобуд месозад ва ба муносибатҳои байналмилалӣ зарба мезанад. Терроризми байналмилалӣ мисли дигар шаклҳои террор зӯроварии гӯшношуниди бегонаро ба амал оварда,дар шакли хеле соддалавҳона барои пайдо шудани идеяҳои зиёд замина мегузорад ва мақсаду ҳадафи он шиддат бахшидани ҷиноятҳо ва амалҳои террористӣ аст,ки он аз нигоҳи худи террористон мусбат аст.

Терроризм дар замони муосир ба давлатҳо, шахсони сиёсиву ҷамъиятӣ, пешвоён ва ҳатто моликони сармоя таҳдид менамояд.Паҳншавии терроризм нигарониро аз он ҷиҳат ба бор меорад,ки инсоният ба хатари ҷиддии нестшавӣ рӯ ба рӯ гаштааст.Террористон дар роҳи расидан ба мақсаду ҳадафҳои шуми хеш аз истифодаи ҳатто силоҳҳои мамнӯъ даст кашиданӣ нестанд.Кӯшишҳои онҳо дар роҳи дастёбӣ бо силоҳи бактериологӣ ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медиҳад,ки дар мубориза бар зидди терроризм боз ҳам муташаккил гардида, пеши паҳншавии ин вабои асрро дастаҷамъона бигиранд.

Зуҳуров Ҳайдар, омӯзгори фанни

таъриху ҳуқуқи МТМУ №16

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай