Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ВАЗИФАИ МУҚАДДАС.

      Мардуми шарифи кишвари мо ҳамасола 23 – февралро ҳамчун рӯзи Артиши миллӣ, Қувваҳои мусаллаҳ бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуда, аз родмардони сарбаланди хеш мефахранд. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ин Қувваҳои мусаллаҳ ва боэътимоди он ба давлати соҳибистиқлол мебошад.

Ҷасорату матонат, қаҳрамониҳои бемисли фарзандони ба ору номуси тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муқобили фашистони хунхӯр достони зиндагии онҳо имрӯз барои насли наврас намунаи волои дарси ватандӯстӣ, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва хоки муқаддаси Ватан ба ҳисоб меравад. Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад.

Дар таърихи муосири Тоҷикистон Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дар баробари Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи қабули Конститутсия ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯйдоди муҳиму сарнавиштсозу дастоварди нодир ба ҳисоб рафта, санаи 23 феврал таҷлил гардидани он таърих ва асосҳои воқеии худро дорад.

Љавонмардони қавииродаи мо дар замони истиқлолият баҳри пойдории сулҳу субот ва амнияти кишвар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар дар он ҷо Ватанро посбониву ҳушёрӣ ва зиракии марзи кишвари азизамонро ҳифз менамоянд. Ҳимояи амну амнияти мардум вазифаи артиши неруманд аст, ки аҳамияти ҳифзи марз ва ҳаёти осоиштаро ҳассостар дарк месозад.

Ҳар як модару падар аз доштани чунин фарзанди ҷасуру тавоно фахр намуда, онҳоро дар руҳияи меҳанпарастию ватандӯстӣ тарбия менамояд. Албатта Ватан бо чунин фарзандони содиқ мефахрад. Имрӯз Артиши миллии мо дорои чунин далерон аст. Аз ин рӯ, бе дудилагӣ ҳар як модар фарзандашро бо даъвати баҳори ва тирамоҳӣ ба хизмат бояд ҳидоят намуда ва аз хизмати онҳо ифтихор намояд. Дар хотир бояд дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум, аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дорад.

Қувваҳои мусаллаҳ яке аз рукнҳои муҳимтарини Истиқлолияти давлатӣ, сипари боэътимоди кишвар, обрӯву нуфузи давлат, ҳимоятгари зиндагии осоиштаи мардум ва амнияту суботи ҷомеа ба шумор меравад. Дар даврони соҳибистиқлоли ҷавонон бояд як нуқтаро дарк намоянд, ки хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбия, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат бармеояд, ки ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ буда, вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки Ватанамон – Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намоем ва онро азизу муқаддас донем.

Эҳтиром ба Модар – Ватан ин қарзи ҳар як ҷавонмард аст. Пос доштани муқаддасоти миллӣ – Истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, суботу озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ ва таъриху маданияти халқи худ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як сокини мамлакат буда, мебояд ин озодиву ободии Ватани азизамонро ба наслҳои ояндаи худ ба мерос гузорем.

Ҷамолиддин Набизода И.в раиси Ҷамоати шаҳраки Москва

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай