Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Артиш – сипари боэътимоди миллат

        Расо 31 сол қабл Артиши миллии мамлакат таъсис ёфт, ки дар ташкили он саҳми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст.

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз яке аз беҳтарин артиш на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар байни давлатҳои ИДМ маҳсуб меёбад.

Ба ин муносибат дар қисми ҳарбии 0307-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай баргузор гардид. Раиси ноҳия афсарону сарбозонро ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ сидқан шодбош гуфта, ба онҳо сиҳатӣ, саодатмандӣ ва хизмати шоиста ба нафъи Ватан орзу намуданд. Дар табрикоти худ ҳамчунин, қайд намуданд: “Артиши миллӣ, яке аз рукнҳои давлати мустақил мебошад, ки дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассос, ки ҳастии давлати тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт, дар ҷойи холӣ, бе ягон пойгоҳи аввалия ва заминаи оддитарини моддиву техникӣ ташкил карда шуд”.

Бо ташаббуси и.в. раиси Ҷамоати шаҳраки Москва Ҷамолиддин Набиев як гуруҳ модарон ба аҳли хизматчиёни қисми ҳарбии болозикр маҳсулоти нонӣ ва Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия ба сарбозон лавозимоти варзишӣ бурданд.

Чорабинӣ басо хотирнишин гузашт.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай