Имрӯз дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукуҳи зиёд Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар таҷлил карда мешавад. Дар қисми ҳарбии 45085-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия муҳтарам Давлатҷон Муҳуддинзода чорабинии идона доир гардид. Дар баромади хеш мавсуф қайд карданд, ки бо ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат дар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар барои сарбозону афсарон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Муовини раиси ноҳия ҳамаи сарбозону афсаронро ба муносибати рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо тандурустӣ, хизмати аъло ва осмони соф таманно намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба афсарону сарбозони беҳтарин Ифтихорнома ва туҳфаҳо супорида шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ