Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Артиш- такягоҳи асосии давлату миллат!

  Рӯзи 23 феврали соли 2024 дар толори Филармонияи ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Мирзозода Нурулло Абдулҳай , роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия инчунин собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.

Нахуст, дар саҳни Филармонияи ноҳия гузаштҳои низомӣ ва намоиши саҳначаҳо бахшида ба ин рӯз аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия пешкаши ҳозирин гардид.

Баъдан Суруди Миллӣ садо дода чорабинӣ ифтитоҳ гардид.

Сипас, сухани табрикотии раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай манзури ҳозирин гардид. Зимни баромади худ раиси ноҳия иброз дошт ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ воқеан ҳам, ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардум мебошанд ва ҳамчун нерўи тавонои мудофиавӣ ташаккулу такомул ёфта, халқу давлатро боэътимод месозанд, ки марзу буми кишвар таҳти муҳофизати ҳушёронаи онҳо қарор дорад. Торафт худ як ин мураккабу печида гардидани вазъи минтақа ва ҷазон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, сатҳи касбияташонро баланд бардоранд ва фаъолияти худро мунтазам тақвият бахшида, вазифаҳои пурмасъулияти дар наздашон гузошташударо содиқона адо намоянд.

Дар давоми суханронӣ ёдовар шуданд,

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки рӯзи 28-декабри соли 2023 ироа гардид, баён доштанд, ки «Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.

Дар давоми чорабинӣ ба як қатор афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи кишвар медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои моливу пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар анҷоми чорабинии мазкур аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанг ва хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия чорабинии фарҳангии идона бо суруду таронаҳои дар васфи Ватан-Модар пешкаши аҳли толор гардонида шуданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай