Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, ки зимни боздид аз қисми ҳарбии 0307-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ноҳиябуда дода буданд имрӯз аз тарафи Ҷамоати шаҳраки Москва (раисаш Ҷамолиддин Набиев) дар ҳамбастагӣ бо Ассосиатсияи падару модарони МТМУ №2 ба аёдати сарбозон рафта, аз буду бош ва шароити онҳо аз наздик ошно гардиданд. Падару модарон зимни аёдат ба қадри имкон анвои хӯрока ва пухту пази миллӣ ба сарбозону афсарони қисми низомии мазкур дастрас намуданд. Баъди ҳолу аҳволпурсии сарбозон ва тановули анвои хурока падару модарон аз хобгоҳи сарбозон, ҳамом ва дигар иншооти маишии онҳо аз наздик шинос гардида, ба шароити зист дар қисми низомӣ шинос шуданд.
Дар воқе, бо ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ барои сарбозону афсарон тамоми шароити хизмативу фароғатӣ фароҳам оварда шудаанд. Аксари ҷавонон бо амри дил барои адои хизмат ба Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир мешаванд, зеро Артиши миллӣ мактаби бузурги мардонагист. Аз ин хотир ҷавонони мо бояд бо камоли ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ омодаи хизмат бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ