Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТЕРРОРИЗМ-ХАТАРЕ БА СУЛҲУ СУБОТИ ҶАҲОН

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 иброз намуданд: “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем. ”

Мавриди қайд аст, ки аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алайҳи гурӯҳҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм ва паёмадҳои нопоки он бо мақсади таъмини амнияти кишвар ва ҷомеаи ҷаҳон мубориза бурда, зимни ҳар як баромади худ аз паёмади ин зуҳуроти номатлуб таъкидҳо менамояд. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 90‐ум буд, ки қариб шуълаи он моро ба вартаи нобуди бурда мерасонд.

Имрӯз дар ҷаҳон вазъияте ба амал омадааст, ки ин зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм хавфу хатари ҷиддӣ ба амнияти башарият гаштааст. Аз ин ҷост, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди ин гуна гурӯҳҳо маҳсуб меёбад.

Бояд қайд кард, ки мақсади асоси гурӯҳҳои ифротгароён, хоинони миллат ақидаҳои нодуруст баён кардан, гумроҳ намудани ҷавонон, андохтани низову ақидаҳои бегона ва ноорому нифоқ андохтан дар ҳар як кишвари тинҷу ором буда, ин ҳадафҳои нопоки худро мехоҳанд амалӣ созанд ва сулҳу суботи ҷомеаи ҷаҳонро халалдор намоянд. Ва дар воқеъ, ин гуна афроди хиёнаткор арзиши Истиқлолиятро, ки волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллат мебошад, қадр карда наметавонанд. Устод Алимуҳаммад Муродӣ мефармояд;

Шукри ҳар лаҳза, ки хуршеди ватан,

Мезанад бар сари ман чатр чу гул.

Шукри шаббодаи хушбӯифурӯш,

Ки диҳад бӯӣ хушаи атр чу гул.

Шукри субҳе, ки дарояд аз дар,

Қадамаш неку лабаш пурханда.

Аз тамошои рухи нурониш

Натавонам, ки шавам дилканда.

Шукри ҳар дам, дами бо ту будан,

К-аз ҳавои ту нафас мегирам.

Ман барои ту, ватан, мемирам,

Ман барои ту нафас мегирам.

Мавриди зикр аст, ки ниёгони мо баҳри талқини афкори пурарзиш беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин суханони пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат намуда, баҳри пойдории сулҳу субот, нест кардани падидаи хатарзои терраризму экстремизм ва пойдор мондани истиқлолияти комили кишвар хизмат хоҳад кард. Мо омӯзгоронро мебояд Истиқлолияти худро ҳамчун нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва ҳамчун шарафу эътибор ҳифзу ҳимоя намуда, ба наслҳои оянда ба хонандагони худ моҳияти онро фаҳмонда дода тавонем.

Эраҷ Муминов, директори МТМУ №19

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай