Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ-РИСОЛАТИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ

       Ниёгони мо аз давраи қадим нисбат ба тарбияи ватандӯстӣ, эҳтироми суннатҳову анъанаҳо, урфу одатҳо ва дастовардҳои замони худ эътибори хосса медоданд, ба қадри донишу маърифати худ аз онҳо ҳимоят мекарданд. Имрӯз мебояд асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон ба хусус ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ташкил диҳад. Зеро баъд аз шикасту рехт ва нобудӣ мо тавонистем бо хуни дилу заҳмати зиёде истиқлолияти комили кишварро дубора ба даст орем.

Маҳз ба хотири ҳамин талошу заҳматҳои шабонарӯзии абармардони мамлакат месазад, ки мо Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишварро бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ боло дониста, пойдевори тарбияи ватандӯстии ҷавононро мустаҳкам намоем. Ҷавонон бояд муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳои ояндаи кишвар бошанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд. Аз ин лиҳоз ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархурдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд.

Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Баҳри ҳифз ва нигоҳдории сулҳу субот мебояд аз арзишҳои миллӣ, фарҳангу тамаддун ва гузаштаи хеш огоҳ бошему онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Дар воқеъ, ҷавононе, ки Ватани худро дӯст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд. Мавриди зикр аст, ки мо омӯзгоронро зарур аст, барои он, ки дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан дошта бошад, онҳоро пеш аз ҳама бояд аз таърих ва фарҳанги куҳанбунёдамон бархурдор гардонем. Ҳамчунин, моҳияти ба даст овардани истиқлолияти давлати худро ба насли ояндасози кишвар фаҳмонда, ба рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтироми онҳоро баланд бардорем.

Ватандустии ҳаряки мо аз он срчашма мегирад, ки арзишҳои миллии ба дастовардаи хешро, ки дар давоми садсолаҳо ба зиндагии мо ворид шуда, чун меҳвари муттамаркази пешбаранда оини давлатдории тоҷиконро дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърих бо сабру таҳаммул, ҳусни тадбир, талоши фарҳангӣ, рисолати маънавӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ пуштибонӣ намудаанд, ҳимоя ва нигоҳ дошта бошем. Бинобар ин шаҳрвандони кишвар ба хусус ҷавононро лозим аст, ки рисолати шаҳрвандии худро ба ҷо оваранд ва арзишҳои миллии худро ҳифз намоянд.

Эраҷ Муминов, директори МТМУ №19

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай