Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - НАҚШИ ЗАНОН ДАР РУШДИ МАОРИФ

         Бояд қайд намуд, ки яке аз сиёсати афзалиятнок ва пуртаваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф арзёбӣ гардида, бештар дар ин самт дастгириҳои ҳамаҷониба равона мегарданд. Маҳз чунин дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ин соҳаи тақдирсоз буд, ки аҳли маорифи мамлакат дар атрофи сиёсати созандаву бунёдкорона ва маорифпарваронаи ӯ муттаҳид гардида, дар татбиқи афкору андешаҳои волову созандаи Пешвои миллати хеш саҳми назарраси худро гузошта истодаанд. Дар баробари таваљљӯњ ба ин соҳа боз

ҷалби занону бонувон ба муассисаҳои таълимӣ яке аз ғамхориҳои дигари Пешвои маҳбуби мо мебошад. Ин ташаббусҳои сарвари давлати мо боис гашт, ки сафи омӯзгорону мураббиён аз ҳисоби занон зиёд гардида, дар баробари мардон онҳо низ меҳнату заҳмат кашида баҳри рушди соҳаи маориф саҳми хешро гузоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатиашон иброз доштанд, ки: “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирї кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”.

Бале, бо шарофати Президенти мамлакатамон имрӯз нақши занону бонувон дар ташаккул ва рушди ҳамаи соҳаҳо назаррас аст. Ҷойгоҳ ва нақши меҳварии занон дар рушди маориф низ назаррас буда, онҳо тамоми неруи худро баҳри тарбияи фарзандон равона намудаанд. Имрӯз занону бонувони Литсейи давлатии рақами 1-и ноҳия дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ намуда, дар таълиму тарбия, баланд бардоштани ҳисси меҳандӯстии хонандагон саҳм гузошта истодаанд. Аз 25 нафар омӯзгорони муассиса 12 нафари онҳоро занони лаёқатманду поквиҷдон ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки пешаи омӯзгорӣ кори саҳлу содда набуда, аз шахс истеъдоду малакаи қавӣ, таҷрибаи бою дониши васеъро талаб мекунад. Дар муассисаи мо низ омӯзгорон Манзура Мадхолова, Нуқра Довудова, Зебӣ Назарова, Зайнаб Абдурасулова аз ќабили занони фаъол ва пешбарандаи ин соҳаи калидӣ мебошанд. Тайи чанд муддате, ки сарварии ин муассисаро ба уҳда дорам, борҳо аз фаъолияти шоистаи ин омӯзгорон огаҳ гардида, саҳми онҳоро дар тарбияи хонандагон эҳсос намудам. Боре дар ин маврид суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷое хонда будам, ки барҳақ, иброз намудаанд: «Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сафо ва дарёи бепоёни меҳр аст. Маҳз ба ҳамин хотир, модарро дар адабиёти ҷаҳонӣ «фариштаи меҳр» ва «мавҷуди муқаддас» номидаанд».

Яке аз заминаҳои асосӣ дар самти ҷалби занон дар баробари корҳои анҷомшуда, ин таъсиси квотаи Президентӣ барои таҳсили духтарони кӯҳистон дар мактабҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин иқдоми хирадмандонаи Роҳбари давлат ҷиҳати боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва босавод гардонидани занон мусоидат намуд. Ҳоло дар кишвари мо имкон фароҳам омадааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон бевосита фаъолият дошта бошанд. Пешвои миллат дар яке аз Паёмҳои хеш саҳми занонро дар рушди маориф махсус қайд карда, иброз доштанд, ки саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф торафт афзуда истодааст ва имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Дар охир мехоҳам бо суханони наҷибонаи сарвари давлат ба навиштаи худ ҳусни анҷом бахшам.Президенти мамлакат иброз доштанд, ки “Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд”

Моҳшариф Шоахмедова, директори Литсейи давлатии рақами 1

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай