Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

         Имрӯз ба ифтихори "Рӯзи модар" бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ва дигар шахсони расмӣ дар толори Филармонияи мардумӣ ба номи устод О.Ҳошимов барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Модар – фурӯғи меҳр” доир гардид.

Нахухст, дар саҳни Филармония намоиши дастранҷу ҳунарҳои мардумӣ, анвои хурокаву либосҳои миллии омоданамудаи занони ҳунарманди ноҳия гузошта шуд.

Зимни боздид раиси ноҳия ба меҳнату дастранҷи бонувони ҳунарманд баҳои баланд дода, баҳри рушди соҳаи ҳунармандӣ тавсияҳои судманд доданд.

Сипас, дар толори Филармония бо иштироки бонувону модарон, фаъолзанон, кормандони сохторҳои гуногуни ноҳиявӣ дар маҷмуъ намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа чорабинии тантанавӣ идома ёфт.

Бо камоли эҳтиром сухани табрикотӣ ба раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай дода шуд. Раиси ноҳия зимни баромади худ қайд намуд, ки ба ифтихори ин санаи фархунда, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ таҷлил мегардад, ба тамоми модарону бонувон ва ҳамватанон саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу намуданд.

Тавре зикр гардид, модар чароғи нурбахшу сафобахши ҳар як хонадон, ганҷи бебаҳо ва фариштаи илоҳиест барои фарзанд. Ҳамзамон рисолати модар дар пос доштани фарҳангу адабиёт, забону ҳуввияти миллӣ ифода меёбад, яъне тарбияи ҳар фарзанд низ бар дӯши модар аст. Ободии ҳар хонадон ба хиради созандаву нерӯи тавонои офарандагии зан – модар бастагии бевосита дорад. Аз ин ҷост, ки ҳар хонаводаи ободу осуда тимсоли ободиву субот дар ҳар давлату ҷомеа дониста мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву корӣ барои бонувону модарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва баланд бардоштани нақши иҷтимоии занону бонувон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Ҳамчунин, дар ин рӯз як қатор занони фаъоли ташкилоту муассисаҳо бо Сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои таъсис намудаи роҳбарияти ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

Сипас баҳри болидарӯҳии бонувону модарон ва иштирокчиён дастагули суруду таронаҳои дилангез дар васфи зан-модар бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Ҷ.Қувватзода

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай