Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ

         Бахшида ба Рӯзи модарон аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тӯҳфаҳои таъсис намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандони идораи Хоҷагии манзилию коммуналӣ тақдим шуд. Ҳамчунин, раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай бо ибрози андешаҳои нек ва қадр намудани меҳнати эшон суханронӣ намуда, тозагию ободонии ноҳияро маҳз заҳмату меҳнати шабонарӯзии онҳо маънидод намуда, онҳоро аз номи Роҳбарияти Олии мамлакат табрику таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки таваҷҷӯҳи бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа равона гардида, дар ҳар иду ҷашнҳо меҳнати онҳо қадр мегардад.

       Зимни суханронӣ раиси ноҳия қайд намуд, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву корӣ барои бонувону модарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва баланд бардоштани нақши иҷтимоии занону бонувон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Ҷ.Қувватзода

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай