Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Фестивали ноҳиявии “Сад ранги чакан” ҷамъбаст гардид.

          Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ даври аввали озмуни “Сад ранги чакан” дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронида шуда, беҳтаринҳо ба даври ноҳиявӣ пешниҳод гардиданд.

          Рӯзи 14 марти соли равон дар бинои Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни “Сад ранги чакан” бо иштироки намояндаи минтақаи Кӯлоб Зӯҳро Назарова доир гардид. Фестивал-озмун бо сухани муқаддимавии муовини раиси ноҳия Ҳусния Исҳоқӣ ифтитоҳ гардид. Зимни сухани ифтитоҳӣ қайд гардид, ки чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои Ҷадвали баргузории Фестивал, намоиш, ид озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории Фестивал, намоиш, ид озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар вилояти Хатлон барои соли 2024” тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ шудааст.

Меҳмонон аз намоишгоҳи дар бинои Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов дар доираи чорабиниҳои Фестивал-озмуни “Сад ранги чакан” ба роҳ мондашуда, дидан намуда, ба ҳунари ҳунармандони чирадаст, ки аз рӯи шартҳои намоиши дастовардҳои чевари чакандӯз, шумори дастпарварони ҳунарманд, инъикоси моҳиронаи нақшу нигори миллӣ дар либоси муосир, таҷассуми тахайюлоти тарроҳ, маҳсули офаридаҳои тарроҳону ҳунармандони чирадаст шинос шуданд.

Воқеан, имрӯз саҳни ҳавлӣ ва толори Филармонияи мардумии ноҳия намоишгоҳи бузурги ҳунарҳои мардумиро мемонд, ки бонувони гулдасти мо дастранҷҳои ҳунарии худро аз рӯи 6 номинатсия:

-Намоиши либосҳои қадимаи чакан;

-Намоиши либосҳои кӯдакона;

-Намоиши либосҳои рӯзмарра;

-Намоиши либосҳои маросимӣ ва идона;

-Намоиши либосҳои расмӣ;

-Намоиши навъҳои гуногуни сӯзандӯзиро ба маърази тамошо гузоштанд.

Тазаккур бояд дод, ки сўзаниву чакану чакандўзӣ қариб, ки аз дасти тамоми занону духтарони ноҳия меояд. Ҳунари нафису зебои чеварони гулдасти ноҳия Садбарг Сафарова, Сафармоҳ Наимова, Руқиямо Раҳимова, Гулҷаҳон Сониева, Гулбаҳор Зиёратова, Эркамоҳ Зиёева, Ниёзбегим Қосимова ва дигарон, ки ҳамаи онҳоро номбар кардан аз имкон берун аст, ҳамто надоштанд ва ҳунари онҳо ба дасти насли имрўз гузаштааст. Насли имрўзаи ҳунарманддухтарон Ҷомадова Дунёбегим, Аҳмадова Садбарг, Ёрмадова Фотима, Юсуфова Сангимо, Давлатова Мавҷигул, аз зумраи онҳое мебошанд, ки мазсули дасти онҳо тавонист дар ҳама чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ноҳияро муаррифӣ намоянд.

Ҳадаф аз баргузории ин қабил чорабиниҳо баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, расму ойинҳои миллию мардумӣ, муаррифии санъати ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, рушд ва баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзандӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, дӯхтани тоқиву ҷузвдонҳо ва дигар намудҳои чеварӣ мебошад. Бонувони ҳунарманд ва чирадасти ноҳия тавассути чорабинии мазкур бори дигар собит намуданд, ки онҳо қудрати дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудани миллатро доранд.

Дар охир барномаи рангини ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов пешкаши иштирокчиёни Фестивал-озмуни “Сад ранги чакан” гардонида шуд.

Баргузории фестивал-озмуни ноҳиявии “Сад ранги чакан” аз тарафи ҳакамон баҳои баланд гирифт.

Фестивал-озмунро муовини раиси ноҳия Ҳусния Исҳоқӣ ҷамъбаст намуда, ба беҳтаринҳо Сипоснома тақдим намуданд.

Ҷ.Қувватзода

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай