Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷамъбасти семоҳаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар соли 2024 доир шуд.

19 апрели соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти Раёсати раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар се моҳи соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласаи муовини аввал, роҳбари дастгоҳ, муовинони соҳавӣ, мудирони бахшу шуъбаҳои МИҲД-и ноҳия, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сайдализода Ҷурахон., роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони Ҷамоатҳо ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Дар ҷаласа аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои семоҳаи аввали соли 2024 муовини раиси ноҳия Давлатҷон Муҳуддинзода бо маърӯза баромад кард.

Сипас, раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Н.А., аз роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ пурсишҳо ба амал оварда таҳлилҳо намуданд. Ва ҷиҳати ислоҳи камбудию норасогиҳо ба масъулин муҳлат доданд. Масъалаҳои молия андоз, уишоварзӣ низ баррасӣ гардида, ба масъулони соҳа дастуру супоришҳо дода шуд.

Ҳамчунин, раиси ноҳия оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию хоҷагиҳои деҳқонӣ истодагарӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҳар як шаҳрванд, сокинони ноҳияро зарур аст , ки дастуру супоришҳои судманди роҳбари Олии мамлакат ро сармашқи кори худ намуда, оқиланаю самаранок истифода бурдани заминҳоро ба роҳ монанд.

Раиси ноҳия аз роҳбарони соҳаҳои маориф, тандурустӣ,фарҳанг, САҲШ, занон ва ҷавонон низ пурсиш ба амал оварда, натиҷаи кори онҳоро дар се моҳаи аввали соли равон таҳлилу баррасӣ намуда, дастуру супоришҳоти судманд доданд.

Баъди шунидану баррасии натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2024 қарорҳои дахлдор қабул гардид.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай