Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Мақсад – муаррифии фарҳанги миллист!

           Рӯзҳои 24 то 27-уми апрели соли ҷорӣ бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарити кишвар ва барқияи телефонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби ҷавонони фаъол, волонтиёрон маҳфилҳои шеъру сурудхонӣ, сайри гули лола, аксияи “Тоҷикона мепушем” дар боғи фарҳангу фароғатии ноҳия доир шуд. мақсад аз баргузор намудани маҳфилҳои фарҳангӣ ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни занону бонувон оид ба бар намудани либосҳои миллӣ, суннату анъана ва расму оин, бахусус либоси миллии тоҷикона мебошад.

        Бояд қайд намуд, ки миллати тоҷик аз зумраи миллатҳоест, ки бо доштани таъриху фарҳанг ва маданияти пурғановат ҷаҳониён эътирофаш намудаанд. Ниёгони мо ҳанӯз аз умқи таърих бо офаридани матоъҳои абрешим, суф, читу карбос ва атласу адрас, шоҳӣ ва чакан шӯҳрати ҷаҳонӣ касб карда, махсусан ин дар асрҳои миёна ба воситаи роҳи бузурги Абрешим то Аврупо рафта мерасад.

Дар тӯли таърих миллати тоҷик тавонист фарҳангу маданият, урфу одат, суннату анъана ва расму оин ба хусус либоси миллии тоҷиконаи худро нигоҳ дорад. Дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳост, моро зарур аст, либоси миллии худро ҳамчун тараннумгари фарҳанги миллӣ эҳтиром, эҳтиёт ва таблиғ намоем. Аз ин рӯ ҳифозат намудани он дар дасти худи мост, то ин ки тавониста бошем ба наслҳои оянда ба мерос бимонем.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай