Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ СОҲАИ МАОРИФ

       Имрӯз, 29 апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Ҳусния Исҳоқӣ, Сардори ШВКД дар ноҳия Ташрифзода Ш., вохӯрии судманд бо кормандони шуъба, директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони кӯдакистонҳои ноҳия доир гардид.

Мавриди қайд аст, ки дар асоси иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9 марти соли 2024 иброз доштанд нақшаи чорабиниҳо дар ҳамбастагӣ бо ШВКД-и ноҳия таҳия гардида, мулоқоту вохӯриҳо давра ба давра баргузор гардида истодааст.

Нахуст, муовини раиси ноҳия Ҳусния И., ба сухан баромада, мақсад ва ҳадафи вохурии мазкурро ба ҳозирин баён намуд. Зимнан номбурда, аз мулоқоти роҳбари давлат ёдовар гардида, ҷиҳати иҷрои талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорони ҷавон, ғани гардонидани донишҳои соҳавии омӯзгорон бахусус, омӯзгорони фаннҳои ҳуқуқ ва таърих, ба хонандагон омӯхтани маърифтаи баланди ҳуқуқӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, дуст доштан ва эҳтиром намудани Модар –Ватан, омода намудани хонандагон ба озмуну олипиадаҳои ноҳияиву ҷумҳуриявӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафту ободии диёр баромад намуда, зикр карданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бобати дарёфти чеҳраҳои болаёқат имтиёзҳои заруриро фароҳам оварда шудааст.

Сипас, сардори ШВКД дар ноҳия Ташрифзода Ш., ба сухан баромада, аз вазъи мураккаби ҷаҳон хусусан, авҷ гирифтани равияву гурӯҳҳои ифротӣ нигаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки маҳаки асосии пешгирии ин ҳодисаҳо тарбияи дурусти фарзандон, ҳамкории падару модар ба мактаб, иштирок ба дарсҳову маҷлисҳои падару модар, таҳти назорат қарор додани фарзандон, ба дарсҳо ҳозир шудан бе телефони мобилӣ, риояи сару либоси мактабӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткориҳо дар байни ноболиғон ва пеш аз ҳама ҳамкории зичи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки таълиму тарбияи дурусти фарзандон яке аз омилҳои пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳануз аз аввали соҳиб истиқлолии кишвар таваҷҷӯҳи роҳбари давлат ба ин самт нигаронида шудааст. Ва дар мулоқоти худ Сарвари кишарамон қайд намуданд, ки : “Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки танҳо кадрҳои замони нав, яъне мутахассисони ҷавоӣгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир метавонанд Ватан ва давлатро соҳибӣ кунанд, обод созанд, тараққиёти давлатро таъмин намоянд ва ҷомеаро пеш баранд”.

Дар интиҳо аз тарафи иштирокчиён суолу дархостҳо пешниҳод шуда, ҷавобҳои қаноатманд гардонида шуданд.

Ҷовид Қувватзода “Навиди Ҳамадонӣ”

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай