Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Хатари терроризм ва экстремизм ба сулҳу суботи ҷаҳони муосир

        Сулҳу субот ва Истиқлолият барои ҳар як кишвар, хусусан Тоҷикистони мо аз ҳама чиз азизтару муқаддастар аст. Фазои орому осудаи кишвари азизи мо имкон фароҳам овард, ки мо сокинон дар кору пайкор ва зисту зиндагии худ ба арзишҳои миллӣ, таъриху тамаддун ва фарҳанги волои худ арҷ гузошта, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Ҳар як сокини рӯи замин орзуи истиқлоли комилу фазои ороми кишварашро мехоҳад, зеро инсоният тоқати таҳдиду хатар ва фаҳшу кушторро надошта, мақсади ӯ зисту зиндагӣ баҳри ободию пешрафт мебошад. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанўз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зўрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Шоири халқии Тоҷикистон устод Алимуҳаммад Муродӣ дар ин маврид хело хуб гуфтааст:

Душман чи мекорад? Низоъ,

Кишташ чи бор орад? Бало.

Моро зи ҳам созад људо,

Эй ҳамватан ҳушёр бош.

Ӯ дӯстрӯ, ту дӯстҷӯ,

Ӯ ҳилладон, ту содахӯ,

Фанд аст дар ҳар қанди ӯ,

Эй ҳамватан, ҳушëр бош.

Гаҳ ëру ëвар мешавад,

Гоҳе бародар мешавад,

Мор аст, аждар мешавад,

Эй ҳамватан, ҳушëр бош.

Иғвои мову ман кунад,

Моро ба мо душман кунад,

Коре чу Оҳарман кунад,

Эй ҳамватан, ҳушëр бош.

Чун гард боло мешавад,

Бар дидаат ҷо мешавад,

Бахтат таги по мешавад,

Эй ҳамватан, ҳушëр бош.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 иброз намуданд: “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем. ”

Бо боварии комил аз гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд ва мо омӯзгорон бояд таълиму тарбия ва пеш аз ҳама робитаро бо волидаёни ҷавонон хеле мустаҳкам намуда, барои ба гурӯҳҳои ифротгарой шомил нашудани ҷавонон чораҳои лозимӣ андешем.

Ҳадисамо Давлатова, директори МТМУ №27

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай