Бояд гуфт, ки бо пайдоиш ва рушди интернет инсоният дар самти шинохти худ, сайёраи Замин, кайҳон ва дигар дастовардҳо худро ҳамқадами замон шинохта, бо пешравиҳо назаррас ноил гардид. Агар мо мантиқан фикр кунем шабакаи ҷаҳонии интернет марзҳоро қабул надорад аз ҳар гушаи дунё иттилооти гуогунро пешниҳоди мо мегардонад, яъне як фазои озоду танзимношуде аст. Зеро дар он мо бо тамоми намудҳои иттилоот яъне маълумотҳои дурусту нодуруст ва мусбату манфӣ дучор мегардем. Имрӯзҳо муошират дар интернет дар байни тамоми табақаҳои аҳолии сайёра, махсусан наврасону ҷавонон, хеле маълуму машҳур гаштааст.Рушд накардани як фарҳанги муайян дар истифодаи интернет дар байни истифодабарандагони он, ки аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд эҳтимолияти ин хатарҳоро бештар менамояд.
Агар мо диққат дода бошем, дар ҳар як шабакаи иҷтимоӣ ҳазорон гурӯҳҳои алоҳида созмон дода мешавад, ки аксарияти онҳо бо номҳои мустаор ва иттилооти дурӯғ ба қайд гирифта мешаванд.
Дар аввал баъзе саҳифаву гурӯҳҳои дохилии шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади мусоидат ба забономӯзӣ, таблиғи арзишҳои фарҳангиву сайёҳӣ, муколамаҳои ҳамсинфон, ҳамкасбон, ҳаммиллатон ва ба ин монанд самтҳо таъсис дода мешавад, вале бо бештар гардидани аъзоёну иштирокчиёни он ҳадафҳои гурӯҳ тағйир меёбад. Ва бештар ба манфиати худ кору фаъолият намуда, дар мафкураи аъзоёни худ ақидаҳои бегонаро оҳиста-оҳиста ҷо намуда, ба ин васила ҳадафҳои нопоки худро бегона менамоянд. Яке аз хатарҳои дигари шабакаҳои иҷтимоӣ ин ташвиқ ва таблиғи фарҳанг ва расму оини бегона мебошад. Дар ин замина, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводу наворҳои зиёд паҳн карда мешавад, ки метавонад ба тарзи муошират, муносибат, ботину зоҳири инсон ва арзишҳои он таъсир гузорад. Ва ё инсонҳоро вобаста ба ин амалкардашон таҳқир намояд. Маҳз ҳамин маълумотҳои по дар ҳаво ва барлуруғ метавонад, миёни ҷавонони мо баҳсҳо ё нофаҳмиҳоро ба вуҷуд орад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 иброз намуданд: “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем. ”
Мо омӯзгорону равшанфикронро лозим аст, ки дар макотибҳои миёнаву олии мамлакат зарару фоидаи истифодаи ИНТЕРНЕТ-ро ба ҷавонон фаҳмонида, тарзи истифодаи дурусти он ва фарҳанги истифодаи телефони мобилиро ба онҳо омӯзем. Барои ин зарур аст, ки робитаи ҳар як мактаб бо падару модари хонандагон ба таври густурда ба роҳ монда шуда, мудом мулоқоту суҳбатҳо бо онҳо доир карда шавад. Тавассути ин метавон ҳар як хонандаро зери назорати хеш қарор дод.
Улуғбек Мустафоқулов, директори МТМУ № 30