Мавриди қайд аст, ки дар дунёи мутамаддин ҳар як миллату халқиятро бо фарҳанг ва арзишҳои хоси худ мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ҷавҳари ҳастии ҳар як миллат ва сарчашмаи ташаккули он ва дар маҷмўъ унсури таркибии миллат арзишҳои он мебошанд. Хушбахтона миллати фарҳангсолори мо аз азал арзишҳои хосеро дар худ эҷоду эҳё намудааст, ки ҷавҳари аслии онро инсондўстию фарҳангсолорӣ, илмдўстию ҷавонмардӣ, шуҷоату мардонагӣ, созандагию бунёдкорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллию ҷаҳонӣ ташкил медиҳад.
Маҳз бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем боз дар кишвари ҷангзадаи худ сулҳу субот ва ваҳдати ягонро пойдор намоем. Истиқлолияти комили кишвар имкон дод, ки мо ба як қатор дастовардҳои беназири худ мушарраф гардем. Бо ибтикори Пешвои миллат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз,Тиргон, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.
Дар партави дасту супоришҳо ва талошҳои пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисме аз онҳо, аз ҷумла, Шашмақом ва Наврӯз, ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо аз як тараф эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ бошад, аз тарафи дигар натиҷаи босамари талошҳои Пешвои миллат мебошад.
Бояд зикр намуд, ки баҳри ҳифз ва нигоҳдошти ин дастовардҳо ҷавоноро таълиму тарбия ва замири онҳо бештар бо меҳри меҳанпарастӣ пур бояд намуд. Агар дар муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ ва заҳмату талошҳои пайвастаи роҳбарияти Олии мамлкат дарс гуфта шавад, умед аст, ки ҷавонони мо дар оянда дар рҳияи баланди Ватандӯстӣ тарбия ёфта, баҳри пешрафти кишвари худ ҷаҳду талош меварзанд.
Тавре Пешвои миллат изҳор доштанд: «Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандўстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳимми пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад».
Дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ бо пайдо шудани фарҳангҳои сунъию сохта, гушхарошу дилхарош ва фалаҷкунандаю фасодкунандаи мафкура, рўҳ, зеҳн, ахлоқ, муносибату муошират ва маънавиёти башарият, ки дар бисёр ҳолатҳо фарҳанги асили инсониро иваз намуда, аз байн бурда истодааст, мо ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошем. Зери таъсири бегонашавии фарҳангӣ намонем ва неъматеро, ки ҳазорсолаҳо миллати моро безавол нигоҳ дошт ва арҷманду солору тавоно то имрўз расонид бо тамоми ҳастии худ ҳифз кунем.
Мо омӯзгоронро мебояд дар фаъолияти кории худ, Сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмонро ба хонандагони худ ҳамчун мактаби бузурги давлатдории миллӣ муаррифӣ намоем. Зеро Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини худ ҳамчун Сарвари давлат роҳ ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро интихоб намуда, дар ин ҷода азму талоши беандоза намуданд. Яъне, истиқлолияти мо бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии марди оқилу сиёсатмадор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва вазифаи мо ҳифзи он чун гавҳараки чашм мебошад.
Улуғбек Мустафоқулов, директори МТМУ № 30