Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Рушди соҳаи кишоварзӣ

       Кишоварзӣ яке аз соҳаи афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, таваҷҷӯҳи махсуси роҳбарияти Олии мамлакат ба ин самт равона карда шудааст. Барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза замин ба мардуми шарифи кишвар тақсим карда шуда, деҳқонон бо азму талош ва заҳмату меҳнати хеш ин самтро рушд додаистодаанд. Кишоварзони ноҳия дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ хуб эҳсос намуда, муносибаташонро ба истифодабарии замин аз пештара дида, бештару хубтар ба роҳ мемонанд. Бо истифода аз тамоми имконот майдони киштро васеъ карда, ҳар ваҷаб заминро самаранок ва оқилона истифода мебаранд. Зеро, онҳо хуб дарк менамоянд, ки аз меҳнат ба замин инсон ҳеҷ гоҳ пушаймон нашудааст ва нахоҳад шуд. Имсол баҳри таъмини дурнамои кишти пиёз ва полезиҳо барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат кишти ин зироатҳоро, аз ҷумла, полезиҳоро барвақттар оғоз намуда, нақша дорем, ки дар ноҳия то охири моҳи май онро ба бозори истеъмолӣ пешниҳод намоем.

Бояд гуфт, ки дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Панҷоб 1072 га заминҳои корами обӣ мавҷуд мебошад, ки дар он 209 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ кору фаъолият намуда истодаанд. Бояд зикр намуд, ки дар натиҷаи меҳнату заҳмати шабонарӯзӣ имсол деҳқонони Ҷамоат дар майдони 238 га пахта, 51 га пиёзи барвақтӣ, 145 га полезиҳо ва дигар зироатҳоро кишт намуданд, ки ҳосили хуб парвариш карда истодаанд. Дар баъзе хоҷагиҳо аз рафти ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ маълум шуд, ки деҳқонон аз ҳар як 1 га замин то 700-800 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуда истодаанд. Кишти барвақтии полезиҳо низ самараи хуб дошта, аз рӯи мушоҳидаҳо деҳқонон ният доранд, то охири моҳи май ҳосили онро ҷамъоварӣ намуда ба бозорҳои маҳаллӣ дастрас намоянд.

Умед аст, ки барзгарони Ҷамоат бо дилу нияти пок баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиши худро равона намуда, аз заминҳои обӣ самаранок истифода намуда, дар истеҳсоли барзиёди маҳсулотҳои кишоварзӣ, таъмини амнияти ғизоӣ саҳми худро мегузоранд.

Фируз Розиқов, раиси Ҷамоати деҳоти Панҷоб

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай