Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – АСОСИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

          Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар толори Филармонияи мардумии ба номи устод Одина Ҳошимови ноҳия ҳамоиш оид ба баланд бардоштани маърифтаи ҳуқуқии шаҳрвандон доир шуд. Дар кори он муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода, Судияи Суди ҶТ Қувватзода Фотеҳ., муовини ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати Адлияи ҶТ Абдухолиқзода А., Раҷабзода Давлат намояндаи Вазорати Адлияи ҶТ.,Гулзода Абдумаҷид Роҳбари дастгоҳи Суди Конститутсионии ҶТ., Шарифзод Абдулазиз намояндаи Вазорати Адлияи ҶТ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода чорабиниро ифтитоҳ намуда суханро ба намояндаи Судияи Суди ҶТ Қувватзода Ф дод.

Сипас, Ф.Қувватзода ба сухан баромада, ҳозиринро ба донистану дарк намудан, баланд бардоштани маърифати инсонию ҳуқуқӣ даъват намуд. Иброз гардид, ки амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия имкон дод, пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон ёбанд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шаванд, рушди устувори иқтисодӣ таъмин гардад, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё сохта шавад.

Дар воқеъ дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар будааст. Рушди бонизоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро бе мавҷудияти тартиботи ҷамъиятӣ, афзалиятит ҳуқуқу озодии инсон, риоя ва эҳтиромгузорӣ нисбат ба арзишҳои инсонӣ ва монанди ин тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Баъдан муовини ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати Адлияи ҶТ Абдухолиқзода А ба сухан баромада, қайд намуданд, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини замони соҳибистиқлолии кишвар ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ тавонист, ки рисолати ҳуқуқро амалӣ намуда, заминаи бунёди низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар гардад.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти гиромидошти ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқӣ иброз доштанд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 ҳамчун соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. Пешвои миллат, маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки тамоми сохтори давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Дар интиҳо муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода ҳамоишро ҷамъбаст намуда, таъкид доштанд, ки барои дуруст тарбия намудани фарзандон ва назорат аз болои онҳо вазифаи ҷонию имонии ҳар як падару модар буда, барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва суботу оромии мамлакат онҳо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. То рафт шиддат гирифтани гурӯҳҳои ифротӣ, ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш оварда, ба истиқлолияту амнияти баъзан кишварҳо таҳдид намуда истодаанд. Аз падару модарон, бахусус аҳли нишат даъват ба амал оварда шуд, ки бо фарзандони хеш, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд мудом дар робита буда, аз ҳолу аҳвол, буду бош ва шароти кори онҳо пурсон бошанд. Зеро таъсири гурӯҳҳои ифротӣ дар кишварҳои бегона маҳз тавассути муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар фарҷом ба як зумра нафароне, ки дар татбиқ гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҷаҳду талош ва нерӯи худро сафарбар намудаанд Сипономаву Ифтихорномаҳо тақдим гардид.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай