Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Душман чи мекорад? Низоъ...

           Чандест ба ном мавлавиҳою муллоҳои чалласаводи ҳамсоя кишвари мо Афғонистон ба ину он ташаббус ва сиёсати мамлакати мо чашм аъло кардаву ба ақли кутоҳи худ онро таҳлил намудан доранд. Ҷойи таассуф аст, ки онҳо аз давлату давлатдорӣ ва сиёсату идораи давлат умуман хабар надоранд. Ман фикр мекунам ба ҷойи ин ҳама лофи беҳуда шумо бояд, ояндаи давлату миллати худро фикр кунед. Ҳадди ақал боре ин андешаро дошта бошед, ки шояд мерасад рӯзе, ки мо низ мисли Тоҷикистон истиқлолияти комилу тенҷиву оромӣ дошта бошем. Дар хоку хун оғуштаву боз оромии дигареро мехоҳед халалдор созед. Медонед барои чи? Барои он, ки маззаи суботи сиёсиву оромии ҷомеаро намедонед, ки чист. Тафаккури Шумо то ҳамон ҷангу куштор ва террору нашъаҷаллобӣ рафта мерасад. Мо дар фазои орому осудаи кишвар ва дар беҳтарин шароит зиндагӣ намудаву, баҳри ҳифзи арзишҳои фарҳангиву миллии худ талош мекунем. Либоси миллии мо имрӯз дар тамоми ҷаҳон давлату миллати моро муррифӣ намудаву онро эътироф мекунанд. Мо нисбати ягон дину мазҳаб дар ҳеҷ давру замоне қонуну қоида қабул накардаву намекунем.

            Баръакс арзишҳои онҳоро эҳтиром мегузорем. Баргузор намудани Ҳамоиши бузурге ба номи Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, тарҷумаи китоби муқаддаси Қуръон бо забони тоҷикӣ иқдомҳоест, ки аз ҷони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор гирифта шуд. Шумо дар ҳамин мавридҳо чи хизмате кардед? Суолест, ки ҳеҷ вақт ҷавоб нахоҳад ёфт. Ба он хотир , ки ҳеҷ вақт террорист қавму миллат ва Ватану давлат надорад. Амалҳои даҳшатбори Шумо тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ба ҷойи оне ки ба дину давлат хизмат намоед, баръакс таҳсили духтаронро дар мактабҳо манъ кардед. Ё фаъолияти занҳоро дар идораҳои давлатӣ боздоштед. Оё ин амали хирсона ба дин нест? Миллати гушнаю ташна дар гушаю канори кишвари ҷангзадаатон ҳеҷ дили шуморо ба раҳм наовард, ки наовард. Президенти маҳбуби мо дар ҳар куҷое, ки сухан гӯяд ҳатман пуштибони мардуми бечораи Афғонро мекунад. Аммо ақли кутоҳи Шумо то андозаи пошнаи поятон аст.

Ҷовид Қувватзода.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай